Хамаи мо самимона мехохем, ки Точикистони азизамон пешрафт кунад. Пас чаро мо ба пешрави сохиб намегардем? Садди рохи пешрафти кишвари мо чист? Мушкилихои мо халшаванда ё халнаванада хастанд?
Бешак, чомеаи имрузаи мо мушкилихои зиёд дорад, ки баъзеашон вазнин ва дигарашон сабуктаранд. Албатта, ягон кор бе мушкили намешавад, вале мухим он аст, ки мушкилии аввалиндарача дар чомеа бояд диккати аввалиндарачаро дошта бошад ва он аввал пеш аз хама барраси ва хал карда шавад.
Тадкикотхои иктисоди ва ичтимоии охир нишон медиханд, ки фасоду ришвагири дар чомеаи Точикистон яке аз чунин мушкилихои асоси ва аввалиндарача ба хисоб меравад. Мохият ва зиёни фасодро инчо шарх додан зарурият надорад ва факат шабохате назаррас овардан мумкин, ки фасод ба мисли кирмест, ки дарахтро (давлат) мехурад, ба инкишофи он (тараккиёт) имкон намедихад, шоху меваи (чомеа) онро мепусонад ва агар он пешгири карда нашавад тадричан худи дарахт низ нобуд месозад.
Бинобарин, агар мо нахохем, ки давлатамонро аз даст дихем бояд пеш аз хама бо фасод муборизаи шадид бибарем. Аз тарафи дигар, чои пушида нест, ки холо фасод махсусан дар хукумат ва идорахои он хеле зиёд шудааст ва ин бузургтарин садди рохи пешрафти кишвари мо гаштааст. Фасод боварии мардумро ба давлат ва хукумат аз байн мебарад ва дар навбати худ набудани чунин бовари хатархои чиддиро ба давлатдории мо оварда расонида метавонад.
Хуб, фасод чизи бад аст, бахусус рушди фасод дар идорахои хукумати ва бо он бояд мубориза бурд. Хама рози, хама фахмо. Вале, чи тавр? Чи кор бояд кард?
Нахуст, барои халли хама гуна мушкили бояд сабабхои пайдошавии онро омухт ва донист. Ба хама фахмост, ки сабабхои асосии рушди фасод, махсусан дар хукумат, ин паст будани маоши кормандон ва печида будани коидаву конунхо, яъне когазбози, бюрократия аст. Маоши паст корманди давлатиро мачбур мекунад, ки барои таъмини зиндагии худ аз муштариён “хакки хизмат”, яъне ришва талаб намояд ва печида будани коидаву конунхо дар навбати худ мардумро аз когазбозихо дилгир намуда, водор месозад, ки барои бо рохат ва зуд хал шудани кори худ ба корманди расми ришва пешниход намояд. Ин сабабхо агар аз байн бурда шаванд сатхи фасод бешак хеле паст хохад рафт ва яке аз мушкилихои рохи пешрафти Точикистон бартараф ё кам карда хохад шуд.
Хуб, маоши пасти кормандонро чи гуна метавон баланд кард? Албатта, мо захирахои бучаи кишварро, ки аз он маоши кормандон пардохта мешавад, якбора бамаротиб зиёд карда наметавонем. Вале, мо метавонем, ки шумораи кормандонро кам намоем ва факат бехтаринхоро ба таври санчиш дар кор монем. Дар натича, масалан, ба чои 10 корманди бо маоши миёнаи 100 сомони, факат 3 корманди бо маоши 333 сомони дошта метавонем. Ин худ аллакай даромади кормандонро 3 маротиба зиёд мекунад, ки он метавонад эхтимолан ба 3 маротиба кам кардани зарурияти ришваситонии онхо овара расонад!
Дар навбати худ доштани танхо 3 корманд ба чои 10 талаб мекунад, ки коидаву тартибот соддатар ва когазбози (бюрократия) камтар карда шаванд. Ин холат хам кори мардумро осонтар мекунад, хам корманд маоши зиёдтар мегирад ва хам давлат сатхи сатхи фасодро поинтар меорад.
Бар замми ин, шумораи камтари кормандон таъмини лавозимоти зарурии кори ва такмили ихтисоси онхоро осон мекунад. Инчунин, назорат аз ичроиши дурусти корхои онхо, пайгирии холатхои ришваситони ва чазо додани фасодкории руйдода сабук мегардонад. Яъне, ки “Бо як тир се нишон” ва ба кавли Фирдавсии бузургвор “Дусад марди чанги бех аз сад хазор”? Ин хама ба манфиати кор аст ку.
Хулоса, хукумати беандоза ва бехуда калон душмани худи он аст. Чунин хукумат мисли сангбардорест, ки аз меъёр зиёд вазн бардоштани шуда, худро дар зери он сангхо мондан ба хатар мегузорад. Хукумати маркази агар ин маслихатро сари кор бигирад ва ичро намояд, худро аз бори гароне озод мекунад. Аввал, кормандони худро маоши баландтар медихад. Дуюм, кору зиндагии мардумро осонтар менамояд. Сеюм, сатхи фасодро паст мекунад. Чорум, обруи худро дар чомеа бехтар мегардонад. Аз ин бехтар боз чи метавонад бошад? Бинобарин, аз чаноби президент Рахмон даъват мекунам, ки масъалаи бамаротиб кам кардани шумораи кормандони идорахои хукумати маркази ва махаллиро дида бароянд ва як чахиши мухимеро аз микдор ба сифат анчом бидиханд. Мушкилии №1 агар хал шуд, дигар мушкилу бандхо хам ба осони кушода хоханд шуд.








