Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Фарханги мо дар хатар

Posted by bkosimi on August 19, 2008

Хаким Фирдавси

Хаким Фирдавси

Вокуниш ба маколаи (http://asiaplus.tj/tj/articles/184/2356.html) «Филкина грамота» аз Путин дар хафтавори “Нигох” аз 16.08.2008.

Ин макола боз хам далели дигареро рушан нишон медихад, ки чи гуна Руссия ва хукумати он бар зидди хуввияту пешрафти милли мо, Точикон, руирост баромад мекунад. Шояд баъди як хамсоякишвари мо, Руссия дуюм давлатест, ки бехбуди ва болоравии моро чашми дидан надошта бошад. Ин нигохи зишти у нафакат бар зидди Гурчихо буданаш хам имрузхо фахмост.
Агар хукумати мо то хол бедор нашуда, аз ин холатхои манфури гуё “шарики стратегии” худ бехабар бошад ё ба эътибор нагирад ва барои рафъи онхо чорахои катъи ва фаври амали накунад, ман намефахмам, ки чи пас чи гуна худро хукумат номида метавонад. Хукумат ин хаммаънои пуштибон ва мухофизи манфиатхои миллии хар кишварест. Пас агар миллати мо, ки холо кушиши аз фарханги бойи кадимаи худ дубора бахраманд гашта, хуввияти миллии худро эхъё кардани аст ва аз чумла, ба номгузории ачдодии худ ру оварда, хукумат аз ин максад хамачониба химоят намуда, ба пешбарии он мусоидат намояд.
Албатта, рохбари давлат хам ба ин раванди нек пайваста аз насаби худ пасвандхои гайрро партофт, вале ин ташаббус аксаран дар сухану когаз боки монд ва ба таври зарури амаливу назорат нагашта истодааст. Бар замми он ки чараёни ба насаби ниёгони гардонидан холо хам кори пурзахмату пурхарчу марач аст ва мутаасифона соддаву осон карда нашудааст, боз кадом як кишвари дигар аз мо талаб мекардааст, ки насабамон ба тарзи дилхохи онхо навишта шавад. Оё дар шиносномахои хама “ба кур асо” гуфта насабу ном чуд-чудо навишта нашудааст, ки насаб кадому ном кадом буданро русхо фарк карда натавонад. Ягон кас бе насаб намешавад, шиноснома хам бе насаб дода намешавад. Силвио Берлускони ин Силвиван Берлусконов нест. Чи тарзе ки ба хоси хамон миллат навишта шуда бошад, ному насабаш хам хамон аст. Дар Амрико намояндахои садхо миллату кавмхо бо номхои ачоибу гароиби худ ворид мешаванду озодона тахсил, кор ва зиндаги мекунанд. Чаро чавонони мо бо насабхои соф Точики ва бе ягон конунвайронкуни аз фурудгохи онхо бозпас ронда шаванд? Махз барои он ки аз пасвандхои славянии ачнаби даст кашидаанд? Дар кучо, кадом конун, кадом асос? Зиёни молияви ва мадании онхоро ки чуброн мекунад? Шояд дафъаи дигар чаноби Рахмонро хам бо сабаби надоштани пасванди “зарури” дар насабаш ба кишварашон рох надиханд? Ё Медведевро то ба Медведзода ном нагузоштанаш ба Точикистон ичозаи даромадан надихем?


Шояд русхо ё бесавод бошанд ё кур, вале корманди давлатии он ба гумон аст, ки бо чунин нокисихо ба кор гирифта шуда бошад. Инчо хадафи сиёси аст, ки он хеле ноухдабароёна ба таври нихони бе эъломи расми баён карда шудааст. Оё мо Точикон дар итоати дигарон ва пойбанди систему тартиботу конунхои онхо бояд бошем ва барои иззати нафси ачнабиён аз аслу насаби худ даст кашем? Албатта на! Ин манфиати миллии мост якин ва хукумати мо вазифадор аст, ки аз он химоят бикунад. Чи тавр? Воситахо бисёранд ва факат хисси худшиноси ва хурмати худро доштан лозим асту бас. Пеш аз хама вазоратхои корхои хоричаву дохила, ки бо шахрвандони мо дар берун аз кишвар сарукор доранд, садо бояд баланд бикунанд. Ба хамтохои худ ва хадамотхои мухочирати ва гумрукии кишвари онхо занг бизананд, номаву дархостхои расми бинависанд, шарху баёноти онхоро гирифта, посух бидиханд ва шарту шароитхои моро рушан созанд ва баъд ба чомеаи моро натичахои корхояшон бо ВАО огох созанд. Хукумат хамон вакт хукумат ба маънои томаш хохад буд, на танхо дар сухану когаз, балки дар амал аз мардуми худ ва фархангу манфиатхои он пуштибони карда тавонад.

Бо умеди ояндаи неки миллат!

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>