Archive for October, 2008
Назарсанчи: Торномахо (сайту блогхо) дар огахии чомеаи имрузаи Точик таъсир доранд?
Posted by bkosimi on October 27, 2008
Posted in Точикистон | Leave a Comment »
Ватанро чи тавр обод кунем
Posted by bkosimi on October 27, 2008

Пешрафти Ватан - максади мост
Мутаасифона, имрузхо вакти кофи барои тартиб додани барномаи комили рушди босуръати кишварро, ки ба накша гирифта будам, надорам. Вале, ба хар хол, нуктахои асосии ислохоти хатмие, ки дар Точикистон, ба фикрам, кадам ба кадам харчи зудтар бояд чори кард, мехохам инчо пешкаш намоям. Ислохот дар сохахои мушаххас аз руи ахмияти холати имруза оварда шудаанд.
Сохаи хукумат
-
30% кам кардани шумораи кормандони давлати дар хама сатху сохахо
-
гузаронидани санчиши марказикунонидашуда дар идорахои мухимтарини давлати ва гирифтани танхо мутахассисони бехтарин дар вазифахо (ин маънои нав кардани кариб хамаи вазиру мансабдорони имрузаро медихад)
-
Маблаги сарфашуда аз кам кардани шумораи кормандонро барои баланд бардоштани маош ва шароити кори кормандони бокимонда харч кардан
-
то 50% кам кардани хачми хуччатгузориву назорату санчишхои давлати дар хама сохахо
-
чори кардани интихоботи раиси хар як шахр аз тарафи худи ахолии онхо
Сохаи чавонон
-
таъин кардани чавонони то 35 сола ба вазифахои чониши раис дар хар як вазорату кумитаву хокимияти шахру вилоятхо, ки дониш ва тачрибаи ватани ва хоричи дошта бошанд. Умуман, то 30% зиёд намудани шумораи кормандони чавони то 40 сола дар хама сохахои давлатдори, махсусан дар дастгохи раисчумхур
-
таъсиси бунёди (фонд) давлати барои тайёр намудани кадрхои нави чавон дар кишвархои пешрафтаи чахон дар сохахои мухимтарин барои кишвар. Озмуни кушод ва шаффоф барои чудо кардани кумаку бурз (стипенд) давлатии солона барои аккалан ба 500 нафар довталабони бехтарин барои омузишхои аз 1 моха то 10 моха.
-
50% зиёд кардани маблаггузории марказхои чавонон дар хама шахру нохияхо
-
10 созмони калонтарини чавононро саросари чумхури таъсис додан ва ё дастгири намудан
Сохаи омузиш ва парвариш (маориф ва фарханг)
-
ворид кардани кисми зиёди мукаррарот аз системахои омузишии (маориф) Аврупо, Амрико ва Чопон ва босуръат дигар кардани системаи хозираи маориф
-
кумак кардан ба бунёди 50-100 мактабу донишгоххои шахси (private) то ки ракобат пайдо шавад ва талаботи мардум ба дониш бехтар конеъ карда шавад. Умуман, 50% гузаштан ба мактабхои шахси (пулаки) ва нигох доштани мактабхои давлати танхо дар нохияхои дурдаст ва барои оилахои камбагал. Озодии бештар ба мактабхои шахси таъмин карда шавад.
-
Кумак кардан ба чопу фуруши бештари лугату фарханги (dictionary and thesarus) Точики дар шакли хурдтар ва нархи арзонтар дар хама чой
-
Озод кардани рузномахову мачаллахо радиову телевизионхо аз пардохту санчишхои давлати дар давоми 2 сол ва осон кардани додани ичозатнома ба воситахои ахбори оммаи нав
-
даст кашидан аз чашнхои зиёди калони бефоида, руяки ва серхарч. Гузаронидани маросимхо дар сатхи махфилхои хурд.
Сохаи иктисод
-
дар хамкори бо сохибкорони ватани ворид кардани технологияхои истехсоли барои бунёди 1000 корхонаи хурди истехсоли дар саросари чумхури
-
50% кам кардани бочу андозхо ва когазбози хангоми содироти молхои тайёр ба кишвархои хоричи ва дар айни хол 50% зиёд намудани андоз барои вориди махсулотхое, ки корхонахои давлати истехсол карда метавонанд.
-
1 сол аз хама андозу санчишхо озод кардани корхонахои нави истехсоли, ки чойи кори ба мардум пешниход мекунанд
-
кафолати давлати додан ба сармоягузорони хоричи барои хамкори бо корхонахои ватани
-
таъсиси марказхои омузишу дастгирии сохибкори дар хар шахру нохияхои кишвар ва додани карзхои судашон паст ва мухлаташон дароз барои хатмкунандагони бехтарини ин марказхои сохибкори, ки бизнес плани хуб пешниход мекунанд
-
мусоидат намудан ба баландшавии даромаднокии корхонахои калонтарини чумхури ва шаффофияти онхо
Posted in Точикистон | 1 Comment »
Барномаи рушди босуръати Точикистон дар 2 сол!
Posted by bkosimi on October 9, 2008
Як намунаи барномаи рушди босуръати Точикистон дар 2 солро тартиб дода истодаам, ки дар чанд рузи наздик омода хохад шуд ва онро дар ин торнома ба диккати хамагон пешкаш хохам намуд. Шояд ба хушу гуши одамони даркори хам бирасад, ки идора кардан ва таракки додани кишвари хурд, вале бехад азизи мо хеч чои мушкилие надорад.
Рохбарии давлат ин як “хадяи худодод” ва як умра нест, балки хар як фарди баномусу бофарханги миллат ба ичрои хуби он дар хар вакти зарури кодир аст.
Posted in Точикистон | Leave a Comment »



