Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for December, 2008

Хамрох мо нерумандем, чавонон!

Posted by bkosimi on December 22, 2008

Хамрох мо нерумандем, чавонон!

Хамрох мо нерумандем, чавонон!

Чавонон кувваи бузург хастанд ва хар миллат дар хар давру замон аз чавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, чавонон дар маркази хама гуна таъгироту табаддулотхои чидди ва хам нек дар кишварашон буданд. Таърихи инсоният аз гувохи ин гуфтахо саршор аст.

Аммо имрузхо ваъияти миллату кишвари мо новобаста аз баъзе пешравихо умуман вазнин аст ва чавонони Точик, ки агар шахсони синнашон аз 15 то 35-ро инчо ба назар гирем, муттаасифона, аз мактабу донишгох дилсард гашта дар кучаву бозорхо мегарданд ё бештарашон ба хаёти сангини мухочирати мехнати гаравгон гашта, аз оилаву фарзандон ва тахсилу такмили ихтисос дур мондаанд. Хол он, ки мувофики оморхои расми бештар аз нисфи ахолии чумхури ва инчунин, мухочирони мехнатии Точикистонро чавонон ташкил медиханд.

Вале, агар чавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории муносибе барои татбики илми худ дар Ватан надошта бошанд, пас чи гуна миллат аз чавонони дилсарду мухочиру мардикораш умедвори ояндаи нек бошад? Бале, мушкилихои чавонон то хол хеле зиёданд. Сар карда аз он, ки устодони мактабу донишгоххо маоши ночиз мегиранд ва бо ин сабаб ба сифати омузиш ахмияти кофи дода наметавонанд ва дар натича аксари чавонон саводи хеле кам мегиранд. Инчунин, бештари чавонон бекор ё мухочири мехнати хастанд чун мувофики илму касби худ коре пайдо карда наметавонанд, ки муздаш талаботи зиндагии оддиро хатто дар шароити имруза конеъ карда тавонад. Ин дар холест, ки дастраси доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофике ба касбу зиндаги шарти асосии муваффакияти хар як яъзои чомеа ва рушди милли аст.

Албатта, дар хама кишвархо холат ва имкониятхои дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои чавононаш гуногун аст ва агар чамъияти имрузаи мо чунин имкониятхои заруриро барои чавонон мухайё карда натавониста бошад, мо худ онро бояд биёбем ё бисозем. Яъне, агар имконият ба суи мо наояд, мо ба суи имконият харакат бикунем.

Дар холе, ки чавонон кувваи бузург хастанд, ин кувваро танхо дар ягонаги ва хамрох будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, бо назардошти чунин акидахо, ки чавонони Точик имрузхо имкониятхои мувофик барои инкишофи илмиву касби кам доранд ва онро бояд бештар кард ва танхо дар ягчояги ва хамдасти мо куввае гашта метавонем, ки имкониятхои заруриро барои худ ва рушди чомеа биёрем, ба фикри мо тавсияи хамохангсози ва хамкории фаъолияти ниходхои давлати ва гайридавлати ба хотири бехбудии чавонон имрузхо зарурати чидди дорад.

Дар ин чодда пешниходи таъсиси як созмони наве бо номи Анчумани Чавонони Точик (АЧТ) пуштибони пайдо кардаат, ки кори худро ба наздики шуруъ хохад кард. Максади асосии АЧТ ин баёнгари масъалахову манфиатхои чавонони Точик будан ва пуштибони намудан аз эхё ва рушди фархангу иктисоду сиёсати Ватани мо – Точикистон аст. Бо хости худо, фаъолияти АЧТ соли 2009 шуруъ хохад гашт ва маълумотхои муфиду зарури оид ба барномаву накшахои он дар торнома www.ajtojik.wordpress.com ва идорахои созмон дастрас хоханд шуд.

Бинобарин, биёед хамрох бошем, ки хамрох мо нерумандем ва кувваи мо дар ягонагист. Ба сафи АЧТ бипайвандед ва барои ояндаи худ коре бикунед!

Рохбарияти АЧТ

Posted in Точикистон, Фарханг, Чавонони Ориё | Tagged: | Leave a Comment »