Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for January, 2009

Дастовардхо ва камбудихои Хукумати Точикистон

Posted by bkosimi on January 26, 2009

Хукумате, ки ба кадрхои наву чавон сахт ниёз дорад

Хукумате, ки ба кадрхои наву чавон сахт ниёз дорад

Вактхои охир мо аз мушкилихои Ватан зиёд сухбат мекунем, ба ахволи миллати худ гам мехурем ва пайваста дар кушиш хастем, ки роху равишхои наверо пайдо намуда, барои пешрафти кишварамон мусоидат карда бошем. Аз суи дигар, хуб аст агар мо каме имрузхо аз дастоварду комёбихои давлат низ ёдовар шавем ва аз хабархову маълумоти мусбат якдигарро дилгарм намуда, боз хар кас бо неруи бештар фаъолиятамонро ба нафъи худ ва миллати худ давом бидихем. Баъзе чунин дастовардхоро аз сомонаи Раисчумхури Точикистон (www.president.tj) дарёфтам, ки ба кариби чоп кардаанд ва шоистаи тахлилу назарсанчи ва сипосгузори хам аст.

Аз сомона: “Хулласи калом, ҳамаи он ҳадафу вазифаҳое, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни савгандёдкунии тантанавии баъдиинтихоботиаш ва дар паёмҳои солона ба Парлумони кишвар дар назди худ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои марҳилаи нави бунёдкорию созандагии Тоҷикистони азиз гузоштааст, дар амал бо муваффақият татбиқ мешаванд.
Аз ҷумла:

1. Се агрегати нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ба кор даромад ва чорумаш ба наздикӣ омода мешавад;
2. Сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 2 суръати тоза пайдо намуд;
3. Идомаи бунёди нерӯгоҳи азими Роғун бо қувваи худӣ авҷ гирифт;
4. Хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор – Хатлон ба кор даромад ва бунёди хатти 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол бо суръат идома дорад;
5. Роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ба чор тарафи дунё дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд;
6. Бунёди тунелҳои мошингарди Истиқлолу Шаршар дар ҳоли анҷомёбианд ва баъди беш аз як соли дигар тунели Шаҳристон низ ифтитоҳ мешавад;
7. Шумораи пулҳои мошингард миёни Тоҷикистону Афғонистон ба 4 адад расид ва ҳаҷми боркашонӣ бо кишварҳои ҷануб ба маротиб зиёд шуд;. “

Баъдан ин натичахоро тахлил карда, аз нигохи худ камбудихо ва роххои халли онхоро хохем навишт.

Posted in Точикистон | 5 Comments »

Кишварро чи тавр бояд дуруст идора кард?

Posted by bkosimi on January 9, 2009

Барои хама раисчумхурхо (президент)

Барои хама раисчумхурхо (президент)

Дастури тайёре оид ба дуруст идора кардани кишвар ёфтан мушкил аст. Раисчумхури нав бояд аз тачрибаи хуби рохбарони пешина омузад ва агар сабаки хуб барои омухтан набошад, пас фаъолияти хукумати худро хар раисчумхур зуд-зуд натичагири карда, аз хатогихо дархол омухта, пешниходхо ва шахсони навро ба халли мушкилихои чомеа чалб намояд.

Ба хар хол, аз мушохидахои худамон баъзе коидахои асосиро барои дуруст идора намудани кишвар инчо нашр мекунем, ки шояд дар арафаи чамбасти харсолаи фаъолияти хукумат чаноби Рахмон ба эътибор гирад, ки умедворем аз фоида холи нахохад буд.

Коидаи 1 – Дар атрофи худ чамъ кардани шахсони росткору боинсоф. Онхо метавонанд дар халли мушкилии аввалиндарача, яъне фасод (коррупсия), ки омили асосии пастшавии боварии мардум ба хукумат аст, кумак намоянд. Хатто агар фасод зиёд кохиш наёбад хам, мардум дарк хохад кард, ки шахсони росткору боинсоф дар сари кор хастанд ва бо ин падидаи номатлуб мубориза мебаранд. Хешу табор ё дустонро инчо шомил кардан мумкин аст ба шарте, ки дар хакикат бо хислат ва донишу тачрибаи худ арзандаи вазифа бошанд.

Коидаи 2 – Талаботхои асосии мардумро пеш аз хама конеъ кардан, аз чумла талабот ба чои зисти дастрас, гизои кофи ва чои кори, ки се талаботхои асосии хар як инсон ба шумор мераванд. Агар мардум чои зисти дастрас надошта бошанд, пас мо бояд шароитхои боимтиёзи (субсиди) сохтан ё харидани хонаро мухайё намоем. Барои ин максади хуб аз Бонки Чахони хам карз гирифтан мумкин аст. Сохтани корхонахои истехсолии хурду миёна хеле мухим аст то шахрвандон чои корие дошта бошанд, ки худ ва хонаводаашонро таъмин карда тавонанд. Фахмидан зарур аст, ки чи гуна молу хизматхоеро кишвар метавонад дар бозори чахони боракобат истехсол ва содир намуда, даромад ба даст биёрад.

Коидаи 3 – Агар кишвар боигарихои табии бисёр надошта бошад ба чуз аз кувваи кории арзон, пас чалби ширкатхои бузурги байналмиллали дар сохмонти корхонахои саноати, ки молашонро аз дигар чойхо арзонтар истехсол карда тавонанд, зарур аст. Ба ин гуна ширкатхо озодихо аз андоз ва дигар имтиёзхо додан мумкин аст. Дар як вакт, ин корхонахо метавонанд ба мардум касбу махоратхои пешрафтаро биомузонанд, то зиндагиашонро пеш бурда тавонанд. Агар мардум кор надошта бошанд ва кашшокиву гуруснаги дар чомеа авч гирад, шуришхои ичтимои сар заданашон аз эхтимол дур нест, ки ин метавонад аз байн рафтани хукуматро ба миён оварад.

Коидаи 4 – маориф ва таълиму тарбияти мардум, махсусан чавонон бояд хамеша яке аз максадхои баландтарини рохбарият бошад. Бояд хар шахрванд имкони гирифтани таълими фарогир ва босифат дошта бошад вагарна такдирашон дар кучахо мемонад, ки ин боз мушкилихои дигарро ба бор меоварад. Донишчуёни бехтаринро барои тахсил ва тачрибаомузихо ба кишвархои пешрафта сафарбар кардан мухим аст то дар оянда гурухе боистеъдоду сохибдониш ба воя бирасад, ки дар пешрафти давлат ёрирасон гашта тавонад.

Коидаи 5 – Нахуст андозхоро сабук ва осон кардан дуруст аст. Баъдан, вакте ки ширкатхо ва мардум хам фаъолияту вазъияташон хубтар гардад, андозхоро бомеъёр ва тадричан баланд бурдан метавон. Албатта, барои идора кардани кишвар даромад доштан зарур аст, ки як кисми онро андозхо меоранд, аммо агар нозукихои ин сохаро дарк накунем ва дуруст ичро накунем, хам даромад ва хам мардум ру ба гурез хоханд ниход. Бинобарин, танзими буча хеле мухим аст ва харочотхо бояд дакик ва аз меъёр бештар (дефисит) набошанд.

Коидаи 6 – Аз рузи аввал бояд намуди таблигии (бренд) кишварро дар чахон муайян кард ва ба он бояд кушид. Чи гуна чахон моро шинохтан мехохем? Оё мехохем, ки моро чомеаи чахони хамчун як макони хуби сайёхи-таърихи бидонад ё хамчун кишваре, ки дар он тичорат кардан осон аст ё хамчун як маркази фасоду нотинчиву нобовари?

Коидаи 7 – Бо миллат ва барои миллат кор кунед. Ба мардум бевосита гуш дихед ва дарду орзухои чомеаро тадкикот бурда дакик созед. Баъзан дар макоми раисчумхур будан фикр кардан мумкин, ки шумо факат хак хастед. Вале, баъзан одам хато мекунад, надониста хато кардан чои баде надорад, ислох кардан хамеша имкон дорад. Хулосаи мардумро руирост ва ошкоро шунавидан барои рохбари кишвар хеле муфид аст. Ин корро то интихоботи оянда партофта мондан хирадмандона нест, ки шояд он вакт дер шавад.

– Ботур Косими (Истаравшан)
вилояти Вермонт, ИМА

Posted in Точикистон | 2 Comments »