Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for February, 2009

Пешниҳоди СММ ба Тоҷикистон

Posted by bkosimi on February 25, 2009

Кишварро факат якчанд корхонахои калон начот дода наметавонанд (аксе аз ТАЛКО)

Имруз хабаре дар торномаи Родиои Озоди (www.ozodi.tj) хондам, ки боз хамон пешниходи моро оид ба рохи начоти Точикистон аз бухрони иктисоди таъкид мекунад. Коршиносони Созмони Миллал хам хулоса кардаанд, ки кишвархое мисли Точикистон дар ин давраи мушкили иктисоди чахони бояд пеш аз хама ба рушди саноат, яъне бунёди корхонахои хурди истехсоли диккати асоси бидиханд ва ба содироти ашъёи хом нисбати пештара камтар умедвор бошанд.

То хол имкон хаст, ки ин хукумат хам давлату миллати мо ва хам худро аз нобудшави начот бидихад. Ин рохро бо чалби иктисоддонхо ва менечерхои бо дониши замонави ва эхёву сармоягузории корхонахои хурди саноати сартосари кишвар метавон бомуваффак тай намуд. Матни пурраи гузориши Озоди дар зер аст:

“Алюмин ё тугма? Пешниҳоди СММ ба Тоҷикистон

24.02.2009
Аслами Мӯъминзод

Ин созмони байналмилалӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки дар шароити бӯҳрони молиявӣ кишварҳои камбизоат аз поин рафтани қимати ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ зарари ҷиддӣ мебинанд ва беҳтар аст, дар ин шароит ба тавлиди молҳои саноатӣ машғул бишаванд.

Таҳлилгарони Барномаи рушди саноати СММ мегӯянд, чунин кишварҳои ба ҷои судури ашёи хом ҳатто агар тугма тавлид кунанд, суди
Тавлиди ҳатто тугма аз судури алюмин дида даромади бештар хоҳад овард…
он бештар аз фурӯши ашёи хом ба хориҷа аст. Ба гуфтаи онҳо, аз сӯи дигар ин ба коҳиши мизони фақр дар кишварҳои бенаво мусоидат хоҳад кард.

Пешниҳоди Барномаи рушди саноати СММ ба кишварҳои камбизоат дар ҳолест, ки қимати ашёи аслии содироти Тоҷикистон – алюмину пахта, ки дар шакли хом ба беруни кишвар бароварда мешаванд, дар бозори ҷаҳони 50% поин рафта, мақомоти ин кишвар намедонанд бо пахтаю алюмин чӣ кор бикунанд. Манобеъи расмӣ мегуянд, ки алъон, ҳукумат ҳеҷ гуна тадбир дар мавриди содироти пахтаву алюмин наандешидааст, ҳарчанд аз тавлидоти онҳо даст накашидааст. Ва ҳамчунин феълан ҳукумат нақшаи қатъи тавлиди алюмин ва пунба парвариро дар даст надорад.

Мунаввар Латифов, ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, 80 дарсади ашёи содиротии Тоҷикистонро пахтаву алюмин ташкил медиҳад ва давлат барои солҳои оянда, барномаҳоеро роҳандозӣ мекунад, ки тибқи онҳо қисми аъзами пахтаву алюмин дар дохили Тоҷикистон коркард шавад.

Масъулони воҳидҳои кишоварзӣ мегӯянд, агар воҳидҳои кишоварзиии Тоҷикистон пахтаашонро бо нархи арзон бифурӯшанд, наметавонанд, ҳатто хароҷоти тавлиди онро бипӯшонанд. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, маҳз ба далели худдорӣ аз фурӯши пахта, воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 180 миллион доллар қарзе, ки соли гузашта аз бонкҳои Тоҷикистон гирифтаанд, танҳо 30 дарсадашро баргардонидаанд.

Коршиносон мегӯянд, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ то панҷ соли наздик идома мекунад ва давлат бояд муайян кунад, ки минбаъд бо пахтаву алюмин чӣ хоҳад кард: ба хориҷа мебарорад ё аз тавлидоти онҳо, ки дар шароити бӯҳрони молиявӣ суди ночиз медиҳанд, даст мекашад.

Нуриддин Қаюмов раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти меҳтари Тоҷикистон мегӯяд, ягона роҳ барои давлат дар шароити феълӣ ин коҳиши камтарин мизони харҷи тавлидии пахтаву алюмин ва дар оянда ба роҳ мондани коркарди онҳо дар дохили Тоҷикистон аст.

Коршиносон мегӯянд, агар давлати Тоҷикистон дар робита ба содироти пахтаву алюмин аз тадобири дуруст кор нагирад, имкон дорад, корхонаҳои тавлиди онҳо хисороти ҷиддӣ бубинанд. Ин осеб метавонад, вазъи бахши пунбапарварии кишварро, ки ба қарзи 600-миллиондоллара гирифтор аст, бӯҳронитар аз пешина кунад.”

Posted in Иктисод, Точикистон | Leave a Comment »

Рохи начоти миллат – корхонахои хурди истехсолии Ватани

Posted by bkosimi on February 8, 2009

Корхонахои истехсолии хурд - рохи начоти мо аз бухрони иктисоди

Корхонахои истехсолии хурд - рохи начоти мо аз бухрони иктисоди

Бо пастшавии иктисоди чахони, ки соли 2009 он хатман давом хохад ёфт,  мо бояд беш аз пеш дарк намоем, ки рохи  начоти миллат ин харгиз мухочирати мехнатии ахоли ё сохтмони НОБ-хои бузург ё чашнворахои серхарч ё умедвори ёрии руссияи зиштху будан нест.

Рохи асосии начоти мо ин ташкили корхонахои хурди истехсоли бо сармояхои начандон калони дохили ва дастгирии ширкатхои ватани аст, ки метавонанд ба мардум чойи кор бидиханд ва ба худтаъмин шудани давлат мусоидат намоянд.

Тасаввур намоед, ки агар сарватмандону мансабдорони Точикистон ба чойи сохтану харидани хонахои “дакаданг” ва ё бо савдо ворид намудани махсулоти тайёр, аз хамон Ирон ва Чин фанновархо (технология) барои истехсоли маводхои соддаи гизои, пушока, лавозимоти рузгори ва сохтмони ва коркарди махсулоти кишоварзи ворид намоянд, дар давоми 1-2 сол 1000 адад корхонаи хурд ташкил кардан мумкин аст, ки хадди аккал 50 то 100 хазор мардуми бекорро бо чойи кории доими таъмин шуда метавонанд. Бубинед, ки наход мо аз шарбати мева то чипсу канноди ва аз шиму курта то шиферу семент аз 7 кишвари чахон харидори намоем ва пул аз Ватан берун равад? Савдо хамон вакт муфид аст, ки хам ворид ва хам содир кардан чой дошта бошад.  Агар мувозинати савдоии (trade balance) давлат пайихам манфи бошад, он ба нодори оварда мерасонад.

Аз тарафи дигар, чойи кор доштан омили асосии инкишофи зиндагии хар шахс аст ва бахусус корхонахои хурд кордихандаи асоси ва мухаррики мухимтарини  хар кишвар шуда метавонанд. Инро дар мисоли давлатхои иктисодашон рушдкарда дидан мумкин аст.

Бинобарин, рохбарияти давлатро зарур аст, ки ба баргаштани хазорон мухочирини мехнати омодаги бубинад ва фавран бунёди корхонахои хурди истехсолиро барои бо кор таъмин намудани ахоли хамчум максади асосии фаъолияти худ дар ин 1-2 соли оянда карор дихад. Барои ин факат аз захирахои мавчуда (масалан, фонди раисчумхур ва маблагхои “тоза”-и дигар) истифодан бурдан кофист. Вагарна, мардуми зиёд агар бекор монданд, худ медонед, ки чи пайёмадхои нохушеро  интизор шудан мумкин аст.

Бо умеди ояндаи неки миллат.

– Ботур Косими

Posted in Точикистон | 5 Comments »