Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for March, 2009

www.sattor.com – Торномаи хубе бахшида ба адабиёти Точику Форс

Posted by bkosimi on March 29, 2009

Басе ранч бурдам дар ин сол си; Ачам зинда кардам бад-ин порси.

Басе ранч бурдам дар ин сол си; Ачам зинда кардам бад-ин порси.

Шояд баъзехо хабар надошта бошанд, ки дар Интернет як сомонаи хубе бахшида ба адабиёти бойи Точику Форс вучуд дорад, ки нишониаш www.sattor.com аст.

Ба ин махсули бебахои захмати муаллифи сомона, бародар Саттор (номи дакикашон маълумам нест, афсус), сипоси беандоза бояд баён намоем ва харчи бештар онро барои дигар хамватанон, махсусан дар хорич, таблигу тавсия намоем.

Ман аз ин сомона шахсан хеле бахра мегирам, хам барои худ назму насри гузаштагони бузургамонро ба хотир меоварам ва хам барои хонаводаву кудакон аз киссаву афсонахояш истифода мебарем. Ба шумо хам маслихат медихам. Адабиёту фарханги бойи Точики поянда бод!

Худо мададгор.

Posted in Точикистон | Leave a Comment »

Раиси бонк ё хукумати маркази?

Posted by bkosimi on March 26, 2009

Чаноби Асадуллозода манзил медихад. Агар дуруст дархост карда тавонед.

Чаноби Асадуллозода манзил медихад. Агар дуруст дархост карда тавонед.

Имруз хабари ачиберо шунидем, ки гуё барои яхудиёни Душанбе раиси Ориёнбонк, Хасан Асадуллозода, як хавлие аз маркази шахр хадя кардааст. Албатта, хал шудани мушкилии яхудиён, ки давоми чанд муддат аз набуди маркази дини-фархангии худ махрум буданд, хуб аст. Аммо, хайратовар он аст, ки чаро ба чойи хукумат ин масъаларо раиси бонке ба масъулияти худ гирифтааст? Магар Ориёнбонк ширкати давлатист ё тичорати? Агар тичорати бошад, пас барои манфиатхои бонк ин амал чи хизмат мекунад? Оё он хавли аз хисоби бонк гирифта шуд ё аз сарвати шахсии раиси бонк?

Аз нигохи дигар, агар ин гуна кумакхои инсондустонаро бонк ё сарвари он барои чамъияти яхудихо, ки умуман дар дунё чамъияти бой ба хисоб меравад, карда тавонанд, пас барои хазорон Точики бехонаву бекор дар худуди Душанбе чи дастгирие кардани аст? Холо Точикони бечораи оворагардон дар руссия як су истад. Ё шояд аввал хамон лулихоеро, ки рубаруи хонаи раисчумхуру бинои Ориёнбонк хар руз чамъ мегарданд ва ба зебогии шахр зам мекунанд, ба як тарафи шахр бурда, ончо марказе барояшон ташкил кунанд бехтар мешуд.

Ба хар хол, ачиб аст. Эхтимол мо интизори гузариши фишангхои хукумат аз дасти чаноби Рахмон ба Асадуллозода бошем, ки то хол зинда ё набудани у аслан дакик нест.

Гузориши Радиои Озоди дар ин бора:

26.03.2009
Латифи Латифӣ

Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада аз тақдим шудани бино дар маркази Душанбе барои канисои яҳудиён истиқбол намуданд.
Борис Қандов, президенти Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада ва Исҳоқ Иёшува, хохоми аъзами яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада ба радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин хабар хеле хушҳол аст. Ӯ гуфт, пас аз тахриби канисо ба сабаби бунёди Қасри миллат, онҳо борҳо бо раҳбарияти вазоратҳои зидахл ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъи ҷудо кардани замин ва сохтмони бинои нави канисоро баррасӣ карда буданд. Дар аввал, барои канисо замин дар як канори шаҳр пешниҳод шуда буд, ки он яҳудиёнро қонеъ намекард, вале баъдан, ба гуфтаи оқои Қандов, раиси Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода зимни охирин боздидаш аз Ню-Йорк ба ӯ ваъда дода будааст, ки дар маркази шаҳр ҷой ҷудо мекунад.

Posted in Точикистон | 2 Comments »

$300 миллион доллар савдои манфи. Зиёне ба иктисоди кишвар, ки бояд бартараф кард.

Posted by bkosimi on March 23, 2009

Савдои манфи барои кишвар мисли фуру рафтани киштие дар об аст

Савдои манфи барои кишвар мисли фуру рафтани киштие дар об аст


Мувофики маълумоти омори, дар 2 мохи соли 2009 савдои Точикистон ба сатхи бештар аз $300 миллион доллар манфи расидааст, ки ин зиёни бузурге ба холати бе ин хам заифи иктисоди кишвар мебошад. Хачми умумии савдо 17 дарсад кам гашта, ба 551.7 миллион доллар баробар шудааст, ки аз он танхо $120.5 миллион долар содироти молхо ва $431.2 миллион доллар воридотро ташкил кардааст.

Чунин сатхи савдои манфи хатарзо мебошад, чун маблаги бисёр барои харидории молхои хоричи берун аз давлат рафта, нисбатан камтар пул ба кишвар дохил мешавад ва ин ба нодори, камбагалии бештар оварда мерасонад. Ин зиён бояд бартараф карда шавад ва чи тавре ки пештар кайд карда будем, рохи хуби халли ин мушкили кам кардани воридот ва чойиваз кардани он бо зиёд намудани истехсоли махсулоти оддии ниёзи мардум дар Ватан аст.

Маколаи хамсон бо инглиси, ки дар сомонаи Авросиёнет.орг www.eurasianet.org чоп гаштааст.

TAJIKISTAN: ECONOMY NOSEDIVES, CONSUMER DEMAND PLUMMETS
3/23/09

Tajikistan’s trade deficit is exploding amid the global financial crisis. For the first two months of 2009, the country’s overall foreign trade turnover figure fell by 17 percent to $551.7 million.

The turnover total is dominated by imports. Tajikistan exported just $120.5 million worth of goods during the first two months of 2009, compared to $431.2 million worth of imports during the same period, the Tajik State Statistics Committee reported. The 2009 import figure marked a roughly 4 percent decline with the total recorded during the corresponding timeframe last year. Exports, meanwhile, experienced a whopping 44.2 percent drop-off during the January-February period this year, compared to the year-earlier total.

Tajikistan traded with 72 countries in the first two months of 2009. Trade with the former Soviet Union accounted for $233.8 million or just over 42 percent of turnover, the CA-News.org news agency reported March 23.

Posted in Точикистон | Leave a Comment »

Дар бораи Навруз

Posted by bkosimi on March 21, 2009

Корти Наврузи - http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/03/090320_rm_nowruz_cards.shtml

Корти Наврузи

О Наврузе

Месяц в первый день которого празднуют Навруз, в Средней Азии и Афганистане называют «Хамал», а в нынешнем Иране «Фарвардин». Испокон веков к Наврузу готовились заблаговременно, ему предшествовали некоторые обряды и церемонии. Навруз в переводе с фарси-таджикского дословно означает «Новый день» в смысле Нового года. Исторически оно исходит от древнеперсидского слова «Нокроч»: «Нок» – на таджикском «Нав»(новый), «роч» – на таджикском «руз» (день). Являясь древнейшим традиционным праздником Нового года земледельческих народов, Навруз, как правило, совпадает с днем весеннего равноденствия, т.е. с 20-21 марта по григорянскому календарю.

Навруз по происхождению древнее священной книги зороострийцев «Авесто». Праздник зародился в глубокой древности и уже в Х веке до нашей эры стал традицией народов, населявших Центральную и Среднюю Азию, Средний и Ближний Восток, а также Гиндукуш. Классик таджикско-персидской литературы, великий мыслитель Омар Хайям в своем известном трактате «Наврузнома» («Книга о Наврузе») отмечает, что до проникновения ислама в Иран и Мавераннахр (в Средняя Азию) и некоторые другие страны Востока, празднование Навруза отличалось особой торжественностью и пышностью. Поэт приводит предание, согласно которому Навруз был учрежден легендарным Джамшедом, определившим длину года в 365 суток с четвертью. Каждые четыре года из чтвертей складывались дополнительные сутки – образовывался високосный год, который состоит из 366 дней. И этот лишний день получил название «Навруз».

Хайям, создавший «Наврузнома» из чувства высокого патриотизма к своему народу, к его древним обычаем, обрядам и празднествам, с огромным уважением пишет о церемониалах, сопровождаюших праздник. Он отмечает, что, начиная со времени правления Кайхусрава (царь Куруш на английском Cyrus), правившего в 558-530 гг. до нашей эры и ставшего олним из основателей династии Ахаменидов, вплоть до Яздигурда (последний правитель династии Сасанидов, правивший в 632-651 годах нашей эры) празднование Навруза проходило довольно торжественно и пышно. Умар Хайям пишет: «При наступлении Навруза определенные церемонии совершались не только в народной среде, но и в царском дворце».

Согласно древнегреческим и древнеперсидским источникам, царь Куруш, когда прибыл в древний город Уструшана (нынешний г. Истравшан на севере Таджикистана), он решил создать летнюю столицу Великого Хуросона или Великого Ирана и назвать своем именем «Курушкада» (Куруш – имя царя, «када» – древний таджикское слово «город»). Празднования Навруза проходила в семи крепостях Курушкады и на площаде Гули Сурх.
Согласно древнегреческому историку Арриан, даже после падения династии Ахаменидов, Александр Македонский после трех лет и десяти месяцев боев за Курушкаду (Истравшан) женившись на согдийской принцессе Рухшоне (греческий – Роксана), когда первый раз на площаде Гули Сурх стал свидетелем празднования Навруза, издал указ о празднования Навруза во всех его владениях.

До VIII в. нашей эры в Средней Азии обязательными атрибутами на праздничном дастархане были «семь шинов» – семь предметов, которые начинались на фарси-таджикском на букву «Ш» («Шин»): шамъ (свеча), шароб (вино), шир (молоко), ширини (сладость), шербет (сок), шакар (сахар), шоя (горная зелень), шамшод ( самшит, иногда ее называют «кавказская пальма») и, плюс ко всему, еще гулоб (розовая вода). Свеча являлась собой символом победы света (добра) над тьмой (злом), вино олицетворяло веселье, молоко – чистоту, шербет, сладости, сахар и розовая вода – надежду на сладость жизни в наступающем Новым годом.

После утверждения ислама в Иране и Средней Азии дастархан Навруза из «семь шинов» превратили в «семь синов» – семь предметов, которые начинаются на букву «син» – «с». Дастархан «семь синов» включает: сабза (проросшее на тарелке зерно), суманак, (праздничное блюдо), санджит (джидда), сир (чеснок), себ (яблоко), самак (рыба) и сипанд (зерно руты).

Равшан Темуриён
(по материалам книг «Таджики» академик Б.Гафуров, Москва, 1972, «Праздник Навруз», доктор М.Миррахим, Тегеран, 1999 и др. источников)

Posted in Точикистон | Leave a Comment »

Наврузи Истаравшан

Posted by bkosimi on March 20, 2009

Теппаи Муг, шахри Истаравшан (Уротеппа)

Теппаи Муг, шахри Истаравшан (Уротеппа)

Муаллиф: Фируз Барот

Дар шахри Истаравшан дар баландихои Талу Муг хар субхи  Навруз  садои карнай  мардумро ба идгох даьват мекард,  мегуяд Хуршеда Отахонова зодаи Истаравшан ва доктори илмхои филология.  Дар идгох одатан дорбозон хунарнамои, пахлавонон гуштингири ва занхо дар гушахои гуногун суманак  ва хурокхои мухталифро  барои дустону пайвандон тахия мекарданд.

Ба гуфти Хуршеда Отахонава, дар Истаравшан солхои кадим Наврузро 13 руз чашн мегирифтанд ва ба охистаги  чашни Навруз ба 3 руз табдил ёфт.  Дар кисмати шимоли кишвар дар Навруз, одатан оши палав мепазанд. Дар замонхои кадим  оши Наврузи бо усули махсус тахия мешуд, ки ном оши Софи дошт. Тарзи омода кардани оши Софи  каме муракабтар будааст, яъне биринч ва зирбаки ош дар алохидаги пухта шуда, баьд онро бо тарзи махсус омехта мекардаанд. Аммо Хуршеда Отахонова мегуяд, имруз хам дар хонахои мардуми шимол дар хар ид оши палав пухта мешавад ва бо максади фаровони ва зиёд шудани баракат дар соли нав, оши пухтаро ба хонахои хамсоя ва дустон таксим мекарданд.

Имруз бошад мардуми шимол дар чашни Навруз, дар баробари суннатхои мардуми,  дар идгох хамаи арусхоро ба идгох даьват мекунанду онхо ба хозирин таьзим мекунанд, ки гуфта мешавад ин одат дар солхои ахир маъмул шудааст ва рамзи огози зиндагии навро тачассум мекунад.

Навруз чашни зебогии табиат ва инсон!

Навруз чашни зебогии табиат ва инсон!

Дар Истаравшан хам хонахоро пеш аз Навруз тозаву озода намуда, хамаи ашёи кухнаву шикастаро аз хона берун карда, хучрахоро бо хадафи дафъи ранчу балохо хазориспанд дуд карда,  бо нияти оромиву осоиштаги ба манзилхо атр мепошанд. Ба умеде ки зиндагии онхо дар сулху субот ва пуртароват бошад.

Posted in Точикистон | 1 Comment »

Навруз пируз бод!

Posted by bkosimi on March 20, 2009

Наврузи навбахорон бар шумо муборак!

Наврузи оламафруз бар мо хам муборак!

Паёми раисчумхури Амрико Борак Убомо бахшида ба Иди Навруз.

Posted in Точикистон | 2 Comments »

Иттиходи Порсизабонон – бехтарин имкони рахои аз бунбасти иктисодиву фарханги барои Точикистон

Posted by bkosimi on March 20, 2009

Бародар гирад дасти бародар, на русу на гарбиву на тотор

Бародар гирад дасти бародар, на русу на гарбиву на тотор

Боиси хурсандист, ки гарчанде дар сиёсати кишвар хатогихои зиёде вучуд доранд, хукумати Рахмон ахмияти вусъат додани хамгироии иктисодиву фархангии кишвархои порсизабонро дарк кардааст.

Чанде аз лоихахои охир, ки байни Точикистону Ирону Афгонистон пешниход гаштаанд, аз чумла симои (ТВ) ягона, рохи охани мустакким, чори намудани низоми бераводид,  албатта муфид ва бамаврид хастанд.  Бояд ин равандро давом дод ва харчи бештар ба хамгироии хакикии иктисодиву фархангии 3 кишвари хамзабон харакат намуд, ки он имконоти олие барои рахои аз бунбаст ва рушди Точикистони азизи мо ва хамчунин, худи Ирону Афгонистон (аслан Хуросон аст ончо) фарохам хохад овард.

Амрикову Аврупо холо дар масъалаи халли мушкилихояшон бо Ирону Афгонистон ба шарикони боэътимод хеле эхтиёч доранд ва дар ин чодда, Точикистон метавонад ба осони худро хамчун миёнарави бехтарин нишон дода, маблагхои бузургеро барои инкишофи робитахои худ бо ин кишвархо аз худ намояд. Мисоли одди ин ташаббуси сохтани рохи охан аз Душанбе ба самти сархади Афгонистон аст, ки имруз хурсандона аз он хабардор шудем ва шояд махз аз тарафи Амрико сармоягоузори хохад гашт. Амрикоиён имрузхо ба ин гуна лоихахо хар чи кадар пуле лозим бошад медиханд. Ана, тонему гирем, офарин!

Гузориши Радиои Озодиро инчо метавонед бихонед, “Аз Вахдат тавассути Ёвон то ба Афгонистон” (http://www.ozodi.org/content/Article/1513198.html).

Комёб бошем!

Posted in Иктисод, Истаравшан, Сиёсат, Точикистон, Фарханг | Leave a Comment »

Ислохоти сохаи омузиш (маориф)

Posted by bkosimi on March 7, 2009

Шогирдони мактаби оддие дар Точикистон

Шогирдони мактаби оддие дар Точикистон

Маълум аст, ки хар чомеае агар  сохаи омузиш ва парвариши (маориф) босифату замонави надошта бошад, он пешрафт карда наметавонад. Чунки инсоне, ки аз богчаву мактабу донишгох бодонишу бофарханг тарбият наёфта бошад, хеч кори муфиде на барои худаш ва на барои ин чомеа ичро карда наметавонад. Бараъкс, шахси бедонишу бехунару бефарханг ба чомеа хатархо эъчот карда метавонад. Бинобарин,  сармоягузории бехтарини давлат ин ба дониши хуб гирифтани шархвандонаш равона кардани захирахо аст, ки онро хатто хазорон сол пеш бузургони мо гаштаву баргашта кайд кардаанд. Ба монанди:

Дошин талабу бузурги омуз, то бех нигарад рузат аз руз.

Яъне, гузаштагон моро насихати аник додаанд, ки хар чи кадар мо дошину бузурги омузем, хамон кадар рузгори мо бехтар хохад шуд. Пас чаро мо 18 сол боз то хол аккалан ин сохаи мухимтаринро дуруст ба рох намондаем, ки ба хар шахрванд имкони гирифтани донишу фарханги хуби милли дастрас карда тавонад? Чаро хукумат имруз ба ин сохаи омузиш (маориф) диккати камтарин медихад, ки шароити таълими ва музди устодон дар сатхи хеле паст карор дорад? Барои чи мактабхои бехтарин азони туркхои пантуркисту русхои фашист хисоб гаштаанд, ки аз худшиноси ва фарханги миллии мо заррае бахра намедиханд? Чаро ба чои халли мушкилихои хакикии богчаву мактабу донишгоххо масъулини соха бо масъалахои нисбатан камахмият ба монанди бекор кардани омузиши гоибона ё манъ намудани тарзи либоспушихои гуногун ё ба додгох кашидани донишчуёни тахсили бучави ё таъмири руякии бинохо банд хастанд? Ва барои чи рохбарияти ин соха дар дасти шахсест, ки дакикан аз илму фарханги оли ва тачриба дар ин соха кам бархурдор аст?

Чун одатан саволхо зиёданд, вале чавобхо хам хастанд ва хамеша ёфт мешаванд. Агар давлат аслан хохони начот додани мардуми бечораи Точик аз торикиву нобуди ва дар фикри таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад, аккалан хамин сохаи омузишу парваришро ислох намояд кофи аст. Ба хар хол, аз тачрибаи тахсили худ дар Точикистон ва Амрико гуфта метавонам, ки ин ислохот  бояд чунин кисмхоро фаро гирад:

1. Хар чи бештар хусуси гардонидани богчаву мактабу донишгоххо ва аз души Вазорати Маориф сабук кардани онхо. Вазорат танхо бояд як кисми мактабхоеро маблаггузори намояд, ки мардуми нодортар ончохо тавонанд фарзандони худро бепул хононанд. Боки хама ба муассиссахои хусусии илми табдил дода шуда, дар асоси талаботи бозаргони фаъолият намоянд. Он чое, ки сифати дониш хуб аст ва ришваву пора донишомузии хакикиро вайрон накардааст, мардум худашон пул ёфта, фарзандонашонро мегузоранд то илми хуб гирифта сохиби касбу кори даромадноки худ шаванд. Вазорат асосан бояд накши довареро бозад, ки коидахои умумиро тартиб медихад ва амали шудани онхоро бо шаффофият ва адолат назорат мекунад.

2. Музди устодони богчаву мактабу донишгоххои давлати мувофикан имрузхо хадди аккал аз 200 то 500 доллар таъин гардад. Сабаб он ки то агар устод музди хуб нагирад, у наметавонад ба донишу тарбият додан диккати чидди дихад ва аз ришваву фасод хатто бо назорату чазодихи тахдид кардан даст кашад. Музди устодон хам баланд шавад, чавонони болаёкат хам худашон кушиш мекунунад, ки ба мактабхо рафта дарс диханд ва касби муаллими обруи сазовори худро дубора боз мегирад.

3. Ба системаи омузиши чахони наздик кардани сохаи маорифи кишвар. Яъне, аз имтихоноту санчишхои дахони даст кашидан, то ки муносибати устод ва шогирд дар бахогузори накше надошта бошад  ва аз ин хотир, истифодаи бештар гирфитан аз санчишхои компутери ва навиштани иншову маколахои тадкикоти ва тахлили барои  инкишоф додани дар шогирдон тарзи фикррони ва халли мустакилонаи мушкилихо.

4. Вакте ки шахс сохиби донишу чахонбинии хуб мегардад, у хеч гох ба корхои сиёхи пасти мардикори даст намезанад, чун корхои дигар, ки фаъолияти аклониро бештар талаб мекунанд, метавонад ичро намояд ва дар бозори мехнат хам дар дохили кишвар ва хам дар хорич аз он даромади хуб ёфта метавонад.

Шогирдони мактаби оддие дар Чопун

Хуллас, сармоягузори ба дониши шахрвандон ин рохи начоти миллати мо аз мухочирати мехнати ва мардикори хохад буд. Фикрхои дигар низ хастанд ва бахси ин мавзуи мухимро боз давом хохем дод.

Шогирдони мактаби оддие дар Чопун

Posted in Сиёсат, Точикистон, Фарханг, Чавонони Ориё | Leave a Comment »