Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for March 7th, 2009

Ислохоти сохаи омузиш (маориф)

Posted by bkosimi on March 7, 2009

Шогирдони мактаби оддие дар Точикистон

Шогирдони мактаби оддие дар Точикистон

Маълум аст, ки хар чомеае агар  сохаи омузиш ва парвариши (маориф) босифату замонави надошта бошад, он пешрафт карда наметавонад. Чунки инсоне, ки аз богчаву мактабу донишгох бодонишу бофарханг тарбият наёфта бошад, хеч кори муфиде на барои худаш ва на барои ин чомеа ичро карда наметавонад. Бараъкс, шахси бедонишу бехунару бефарханг ба чомеа хатархо эъчот карда метавонад. Бинобарин,  сармоягузории бехтарини давлат ин ба дониши хуб гирифтани шархвандонаш равона кардани захирахо аст, ки онро хатто хазорон сол пеш бузургони мо гаштаву баргашта кайд кардаанд. Ба монанди:

Дошин талабу бузурги омуз, то бех нигарад рузат аз руз.

Яъне, гузаштагон моро насихати аник додаанд, ки хар чи кадар мо дошину бузурги омузем, хамон кадар рузгори мо бехтар хохад шуд. Пас чаро мо 18 сол боз то хол аккалан ин сохаи мухимтаринро дуруст ба рох намондаем, ки ба хар шахрванд имкони гирифтани донишу фарханги хуби милли дастрас карда тавонад? Чаро хукумат имруз ба ин сохаи омузиш (маориф) диккати камтарин медихад, ки шароити таълими ва музди устодон дар сатхи хеле паст карор дорад? Барои чи мактабхои бехтарин азони туркхои пантуркисту русхои фашист хисоб гаштаанд, ки аз худшиноси ва фарханги миллии мо заррае бахра намедиханд? Чаро ба чои халли мушкилихои хакикии богчаву мактабу донишгоххо масъулини соха бо масъалахои нисбатан камахмият ба монанди бекор кардани омузиши гоибона ё манъ намудани тарзи либоспушихои гуногун ё ба додгох кашидани донишчуёни тахсили бучави ё таъмири руякии бинохо банд хастанд? Ва барои чи рохбарияти ин соха дар дасти шахсест, ки дакикан аз илму фарханги оли ва тачриба дар ин соха кам бархурдор аст?

Чун одатан саволхо зиёданд, вале чавобхо хам хастанд ва хамеша ёфт мешаванд. Агар давлат аслан хохони начот додани мардуми бечораи Точик аз торикиву нобуди ва дар фикри таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад, аккалан хамин сохаи омузишу парваришро ислох намояд кофи аст. Ба хар хол, аз тачрибаи тахсили худ дар Точикистон ва Амрико гуфта метавонам, ки ин ислохот  бояд чунин кисмхоро фаро гирад:

1. Хар чи бештар хусуси гардонидани богчаву мактабу донишгоххо ва аз души Вазорати Маориф сабук кардани онхо. Вазорат танхо бояд як кисми мактабхоеро маблаггузори намояд, ки мардуми нодортар ончохо тавонанд фарзандони худро бепул хононанд. Боки хама ба муассиссахои хусусии илми табдил дода шуда, дар асоси талаботи бозаргони фаъолият намоянд. Он чое, ки сифати дониш хуб аст ва ришваву пора донишомузии хакикиро вайрон накардааст, мардум худашон пул ёфта, фарзандонашонро мегузоранд то илми хуб гирифта сохиби касбу кори даромадноки худ шаванд. Вазорат асосан бояд накши довареро бозад, ки коидахои умумиро тартиб медихад ва амали шудани онхоро бо шаффофият ва адолат назорат мекунад.

2. Музди устодони богчаву мактабу донишгоххои давлати мувофикан имрузхо хадди аккал аз 200 то 500 доллар таъин гардад. Сабаб он ки то агар устод музди хуб нагирад, у наметавонад ба донишу тарбият додан диккати чидди дихад ва аз ришваву фасод хатто бо назорату чазодихи тахдид кардан даст кашад. Музди устодон хам баланд шавад, чавонони болаёкат хам худашон кушиш мекунунад, ки ба мактабхо рафта дарс диханд ва касби муаллими обруи сазовори худро дубора боз мегирад.

3. Ба системаи омузиши чахони наздик кардани сохаи маорифи кишвар. Яъне, аз имтихоноту санчишхои дахони даст кашидан, то ки муносибати устод ва шогирд дар бахогузори накше надошта бошад  ва аз ин хотир, истифодаи бештар гирфитан аз санчишхои компутери ва навиштани иншову маколахои тадкикоти ва тахлили барои  инкишоф додани дар шогирдон тарзи фикррони ва халли мустакилонаи мушкилихо.

4. Вакте ки шахс сохиби донишу чахонбинии хуб мегардад, у хеч гох ба корхои сиёхи пасти мардикори даст намезанад, чун корхои дигар, ки фаъолияти аклониро бештар талаб мекунанд, метавонад ичро намояд ва дар бозори мехнат хам дар дохили кишвар ва хам дар хорич аз он даромади хуб ёфта метавонад.

Шогирдони мактаби оддие дар Чопун

Хуллас, сармоягузори ба дониши шахрвандон ин рохи начоти миллати мо аз мухочирати мехнати ва мардикори хохад буд. Фикрхои дигар низ хастанд ва бахси ин мавзуи мухимро боз давом хохем дод.

Шогирдони мактаби оддие дар Чопун

Posted in Сиёсат, Точикистон, Фарханг, Чавонони Ориё | Leave a Comment »