Posted by bkosimi on March 20, 2009

Теппаи Муг, шахри Истаравшан (Уротеппа)
Муаллиф: Фируз Барот
Дар шахри Истаравшан дар баландихои Талу Муг хар субхи Навруз садои карнай мардумро ба идгох даьват мекард, мегуяд Хуршеда Отахонова зодаи Истаравшан ва доктори илмхои филология. Дар идгох одатан дорбозон хунарнамои, пахлавонон гуштингири ва занхо дар гушахои гуногун суманак ва хурокхои мухталифро барои дустону пайвандон тахия мекарданд.
Ба гуфти Хуршеда Отахонава, дар Истаравшан солхои кадим Наврузро 13 руз чашн мегирифтанд ва ба охистаги чашни Навруз ба 3 руз табдил ёфт. Дар кисмати шимоли кишвар дар Навруз, одатан оши палав мепазанд. Дар замонхои кадим оши Наврузи бо усули махсус тахия мешуд, ки ном оши Софи дошт. Тарзи омода кардани оши Софи каме муракабтар будааст, яъне биринч ва зирбаки ош дар алохидаги пухта шуда, баьд онро бо тарзи махсус омехта мекардаанд. Аммо Хуршеда Отахонова мегуяд, имруз хам дар хонахои мардуми шимол дар хар ид оши палав пухта мешавад ва бо максади фаровони ва зиёд шудани баракат дар соли нав, оши пухтаро ба хонахои хамсоя ва дустон таксим мекарданд.
Имруз бошад мардуми шимол дар чашни Навруз, дар баробари суннатхои мардуми, дар идгох хамаи арусхоро ба идгох даьват мекунанду онхо ба хозирин таьзим мекунанд, ки гуфта мешавад ин одат дар солхои ахир маъмул шудааст ва рамзи огози зиндагии навро тачассум мекунад.

Навруз чашни зебогии табиат ва инсон!
Дар Истаравшан хам хонахоро пеш аз Навруз тозаву озода намуда, хамаи ашёи кухнаву шикастаро аз хона берун карда, хучрахоро бо хадафи дафъи ранчу балохо хазориспанд дуд карда, бо нияти оромиву осоиштаги ба манзилхо атр мепошанд. Ба умеде ки зиндагии онхо дар сулху субот ва пуртароват бошад.
Posted in Точикистон | 1 Comment »
Posted by bkosimi on March 20, 2009
Наврузи навбахорон бар шумо муборак!
Наврузи оламафруз бар мо хам муборак!
Паёми раисчумхури Амрико Борак Убомо бахшида ба Иди Навруз.
Posted in Точикистон | 2 Comments »
Posted by bkosimi on March 20, 2009

Бародар гирад дасти бародар, на русу на гарбиву на тотор
Боиси хурсандист, ки гарчанде дар сиёсати кишвар хатогихои зиёде вучуд доранд, хукумати Рахмон ахмияти вусъат додани хамгироии иктисодиву фархангии кишвархои порсизабонро дарк кардааст.
Чанде аз лоихахои охир, ки байни Точикистону Ирону Афгонистон пешниход гаштаанд, аз чумла симои (ТВ) ягона, рохи охани мустакким, чори намудани низоми бераводид, албатта муфид ва бамаврид хастанд. Бояд ин равандро давом дод ва харчи бештар ба хамгироии хакикии иктисодиву фархангии 3 кишвари хамзабон харакат намуд, ки он имконоти олие барои рахои аз бунбаст ва рушди Точикистони азизи мо ва хамчунин, худи Ирону Афгонистон (аслан Хуросон аст ончо) фарохам хохад овард.
Амрикову Аврупо холо дар масъалаи халли мушкилихояшон бо Ирону Афгонистон ба шарикони боэътимод хеле эхтиёч доранд ва дар ин чодда, Точикистон метавонад ба осони худро хамчун миёнарави бехтарин нишон дода, маблагхои бузургеро барои инкишофи робитахои худ бо ин кишвархо аз худ намояд. Мисоли одди ин ташаббуси сохтани рохи охан аз Душанбе ба самти сархади Афгонистон аст, ки имруз хурсандона аз он хабардор шудем ва шояд махз аз тарафи Амрико сармоягоузори хохад гашт. Амрикоиён имрузхо ба ин гуна лоихахо хар чи кадар пуле лозим бошад медиханд. Ана, тонему гирем, офарин!
Гузориши Радиои Озодиро инчо метавонед бихонед, “Аз Вахдат тавассути Ёвон то ба Афгонистон” (http://www.ozodi.org/content/Article/1513198.html).
Комёб бошем!
Posted in Иктисод, Истаравшан, Сиёсат, Точикистон, Фарханг | Leave a Comment »