Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Раиси бонк ё хукумати маркази?

Posted by bkosimi on March 26, 2009

Чаноби Асадуллозода манзил медихад. Агар дуруст дархост карда тавонед.

Чаноби Асадуллозода манзил медихад. Агар дуруст дархост карда тавонед.

Имруз хабари ачиберо шунидем, ки гуё барои яхудиёни Душанбе раиси Ориёнбонк, Хасан Асадуллозода, як хавлие аз маркази шахр хадя кардааст. Албатта, хал шудани мушкилии яхудиён, ки давоми чанд муддат аз набуди маркази дини-фархангии худ махрум буданд, хуб аст. Аммо, хайратовар он аст, ки чаро ба чойи хукумат ин масъаларо раиси бонке ба масъулияти худ гирифтааст? Магар Ориёнбонк ширкати давлатист ё тичорати? Агар тичорати бошад, пас барои манфиатхои бонк ин амал чи хизмат мекунад? Оё он хавли аз хисоби бонк гирифта шуд ё аз сарвати шахсии раиси бонк?

Аз нигохи дигар, агар ин гуна кумакхои инсондустонаро бонк ё сарвари он барои чамъияти яхудихо, ки умуман дар дунё чамъияти бой ба хисоб меравад, карда тавонанд, пас барои хазорон Точики бехонаву бекор дар худуди Душанбе чи дастгирие кардани аст? Холо Точикони бечораи оворагардон дар руссия як су истад. Ё шояд аввал хамон лулихоеро, ки рубаруи хонаи раисчумхуру бинои Ориёнбонк хар руз чамъ мегарданд ва ба зебогии шахр зам мекунанд, ба як тарафи шахр бурда, ончо марказе барояшон ташкил кунанд бехтар мешуд.

Ба хар хол, ачиб аст. Эхтимол мо интизори гузариши фишангхои хукумат аз дасти чаноби Рахмон ба Асадуллозода бошем, ки то хол зинда ё набудани у аслан дакик нест.

Гузориши Радиои Озоди дар ин бора:

26.03.2009
Латифи Латифӣ

Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада аз тақдим шудани бино дар маркази Душанбе барои канисои яҳудиён истиқбол намуданд.
Борис Қандов, президенти Конгресси яҳудиҳои бухороии Амрико ва Канада ва Исҳоқ Иёшува, хохоми аъзами яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада ба радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин хабар хеле хушҳол аст. Ӯ гуфт, пас аз тахриби канисо ба сабаби бунёди Қасри миллат, онҳо борҳо бо раҳбарияти вазоратҳои зидахл ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъи ҷудо кардани замин ва сохтмони бинои нави канисоро баррасӣ карда буданд. Дар аввал, барои канисо замин дар як канори шаҳр пешниҳод шуда буд, ки он яҳудиёнро қонеъ намекард, вале баъдан, ба гуфтаи оқои Қандов, раиси Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода зимни охирин боздидаш аз Ню-Йорк ба ӯ ваъда дода будааст, ки дар маркази шаҳр ҷой ҷудо мекунад.

2 Responses to “Раиси бонк ё хукумати маркази?”

  1. Ромин said

    Набояд фаромӯш кард, ки чунин фикре ки гӯё яҳудиён миллиятанд фикри тозаест, ки асосан аз тарафи саҳюнистҳо паҳн шудааст. Яҳудиёни, ба истилоҳ “Бухоро” ҳамон тоҷиконанд (ё худ эрониёнанд), ки пайрави дини Ҳазрати Мӯсои Калим ҳастанд.
    Мутаасифона, имперюлистҳо ин қадр миллати моро пора-пора намуданд, ки ҳамқавмони яҳудиямонро “миллияти яҳудӣ” хонданд, ки дар давоми ҳазорон сол дар ин сарзаминҳо зиндагӣ мекарданд. Забону фарҳанги онҳо низ эронӣ (тоҷикӣ) аст. Шӯрбахтона, аксарияти мутлақи ҳамқавмони калимиамонро имрӯз дар Фароруд аз даст додем. Офарин ба ҳар касе, ки ин корро ба анҷом додааст. Ин гурӯҳи аксаран бе навову фақиру солхӯрдаанд, вагарна ҳоло мисли дигар ҳаммазҳабҳояшон кӯч мебастанд.

  2. bkosimi said

    Дуруд, Ромини азиз!

    Фарзияи шумо оид ба точик (иронинажод) будани яхудиёни бухорои кобили мулохиза ва бахс аст. Бахархол, аксари далелхои дар даст будаи мо холати баръаксро нишон медиханд.

    Пиру бенавову факир бошанд сарпарастони сарватманд дар саросари дунё доранд, чун мову шумо медонем, ки хамаи онхо бо хамдигар робитаи зич доранд ва аз руйи дину оинашон вазифадоранд ба якдигар дасти ёри дароз кунанд.

    Аслан, расми хубест ва месазад, ки мо аз ин чихати фарханги онхо биомузем ва Точикон низ дар оянда бештар ахлу дустдори миллати худ гардем.

    Худо мададгори мо.

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>