
Басе ранч бурдам дар ин сол си; Ачам зинда кардам бад-ин порси.
Шояд баъзехо хабар надошта бошанд, ки дар Интернет як сомонаи хубе бахшида ба адабиёти бойи Точику Форс вучуд дорад, ки нишониаш www.sattor.com аст.
Ба ин махсули бебахои захмати муаллифи сомона, бародар Саттор (номи дакикашон маълумам нест, афсус), сипоси беандоза бояд баён намоем ва харчи бештар онро барои дигар хамватанон, махсусан дар хорич, таблигу тавсия намоем.
Ман аз ин сомона шахсан хеле бахра мегирам, хам барои худ назму насри гузаштагони бузургамонро ба хотир меоварам ва хам барои хонаводаву кудакон аз киссаву афсонахояш истифода мебарем. Ба шумо хам маслихат медихам. Адабиёту фарханги бойи Точики поянда бод!


