Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for April, 2009

Чаноби Рахмон наметавонад писарашро ба чойи худ нишонад?

Posted by bkosimi on April 28, 2009

Эмомали Рахмон худро раиси Кумитаи Олимпи кард ва писарашро ба Иттифоки Чавонон бимонд. Хаминаш кифоя.

Эмомали Рахмон худро раиси Кумитаи Олимпи кард ва писарашро ба Иттифоки Чавонон бимонд. Хаминаш кифоя, раис.

Ба наздики вазифаи нав дода шудани писари чаноби Рахмон дар чомеа вокунишхои гуногунро ба вучуд овардааст. Хафтаномаи русзабони “рус-максад”-и Осиё Плас онро хамчун кадами аввали писари раисчумхур ба сиёсати калон номидааст, гарчанде ки ин бачаи холо танхо ба 21 сол кадам гузошта, аллакай дар Кумитаи амвол ва сармоягузори “гоибона” кор мекардааст, вакиле аз нохияи Исмоили Сомони будааст, бо кадом як маблаг дастаи футболеро хам сарвари менамудааст ва гайра хоказо паси парда. Оё сабаби ба вазифаи чонишини раиси Иттифоки Чавонон сазовор шудани Рустами Эмомали магар “корнамоихояш” дар ин чойхои дигар буд? Аслан, ин иттиходияи чавонон чаро ташкилоти давлати бошад ва чаро раиси Кумитаи кор бо чавонон, варзиш ва сайёхи онро хам рохбари намояд? Дар ин системаи фартути давлатдории “омехтаи шурави бо дехаги” мантик дида намешавад.

Аз тарафаи дигар, тааччубам кард, ки чаноби Нурали Давлат бо коршиносии худ писари чаноби Рахмонро дар сиёсати калон ояндадор хондааст. Фикр намекунам, ки хонаводаи Рахмон фарзияи гузариши хокимият аз падар ба писарро чидди ба назар гирифта бошад, чун ин хеле кори хатарнок аст ва пеш аз хама ба худи онхо. Нахуст, худи чаноби Рахмон худро хамчун рохбари касби, коршинос, корбаро ва одил нишон дода натавонист ва норозияти миллат аз ноухдабароихои хукумати у дар авч аст. Дуюм, писараш Рустам аз имконоти фаровон истифода набурда, сохиби ягон донишу хунари арзандаи рохбари нашудааст. Эхтимоли зиёд аз он сабаб, ки истеъдод ва тавоноии табииро (ирси) ба ин чиз надорад. Сеюм, хастанд дигар шахсон ва гуруххои кувватнок хам дар дохил ва хам беруни атрофи рохбарияти имруза, ки худ талош доранд рохбариятро ба дасти худ гиранд ва ба хар рох намегузоранд, ки раисчумхур писарашро ба чояш гузорад. Кори аблахонае хохад буд. Сабабхояш бисёр.

Аз дигар су, фикр мекунам ва умедвор хам хастам, ки чаноби Рахмон дарк менамояд, ки рохи бехтарини ояндаи худаш ва хонаводааш ин омодаги гирифтан ба тарки вазифа намудан дар охири давраи конунии раисчумхурии худ, яъне соли 2013. То 4 соли бокимонда, агар у тавонад вазъияти кишварро каме пешрафт дихад ва замонати шарту шароитхои мувофикеро барои зиндагонии баъди истеъфои худ конунан ба даст биёрад, метавонад ба озоди ва рохат хаёти худро дар Ватан бо обруву арзанда давом бидихад. Дар холати акс, кораш парешону вайрон хохад гашт ва дар таърих аз у ёди неке нахохад монд, гарчанде ки як катор натичахои хуберо хам дар давоми хокимияти худ ноил гаштааст.

Хулоса, хакикат дар он аст, ки хар чи аз меъёр бештар давом кард, зарар дорад. Дар хама кор меъёр хуб аст, гуфтаанд бузургон.

Сарбаланду обод бошед, азизон!

Posted in Точикистон | Leave a Comment »

Андух аз даргузашти рушанфикри миллат, Тохир Абдучаббор

Posted by bkosimi on April 22, 2009

Кош агар рохбарияти кишвар хам мисли Тохир Абдучаббор дар фикри начоту эхёи миллат мебуд

Кош агар рохбарияти кишвар хам мисли Тохир Абдучаббор дар фикри начоту эхёи миллат мебуд

Устод Тохир Абдучаббор, яке аз донишмандон ва рушанфикрони миллат, ки дар хакикат сахми арзандае дар бунёди давлати сохибистиклоли Точикистон гузошта, ба пешбурди манфиатхои мардуми мо хизматхои шоён намудааст,  дируз аз олам чашм пушид. Гарчанде бо ин шахси бузург шиносои надоштем, вале бохабар аз фикрхову корхои некашон будем ва бинобарин, имруз хеле андухгин хастем.

Махсусан ба он хотир, ки бо хама натичахои хуби фаъолият ва рохбари намудани ташаббусхои мухимтарин дар таърихи навини миллат, ин шахс ба таври арзанда кадрдони нашуданд ва эхтимоли зиёд аз мо норози рафтанд. Баръакс, бисёр шахсоне хастанд, ки аслан ба ин акидахову амалхои рушанфикронаи у дар аввал зиддият нишон доданд ба хотири тарсуи ва чохилии худ, вале холо аз “меваи дарахти овардаи у рохат мебинанд.” Ачабо.

Касе, ки эъломияи истиклоли Точикистонро тартиб додааст ва яке аз аввалинхо барои эхёи фархангу забону обруи миллат мубориза бурдааст, хатман мансаб ва макоми сазовори баланде дар чомеа бояд дошта бошад.  Умедворам, ки оядна ин хатои гузаштаро ислох хохад кард. Адолат хамеша пируз хохад шуд.

Хазорон сипос. Рухатон шод ва чоятон бихишт, устод.

Худо хофиз!

Posted in Точикистон | Leave a Comment »

4 пешниходи хоричиён ба мо

Posted by bkosimi on April 12, 2009

Точикистон умедвори фикри нав, "хуни нав" аст

Точикистон умедвори фикри нав, "хуни нав" аст

Хисоботи навтарини Гурухи Байналмиллалии Пажухиши Бухронхо (International Crisis Group) бо номи “Точикистон: Ру ба нокоми”, ки мохи феврали 2009 чоп шуда буд, мисли дигар гузоришхои коршиносони хоричи бисёр андешаву мушохидахо ва пешниходхои хубу вокеъбинона дорад. Агар мо баъзеи онхоро ба назар гирифта, дар амал чори намуда тавонем хатман ба нафъи Ватанамон хохад буд, чун эхтимолияти расидан ба  бухрони  шадиди сиёси, ичтимои ва иктисоди дар дохили кишварро камтар менамояд.  Гарчанде, ки низоми давлатдории мо аллакай дар бухрон хаст ва бухрони чахони хам таъсири худро ба болои он зам карда истодааст.

Дар хисоботи худ ин ташкилот умуман 15 пешниходхо чамъ овардааст, ки бештарашон ба диккати созмонхои байналмиллалии кумакрасон ва Иттиходи Аврупо барои таъгири муносибат ва раванди хамкоришон бо рохарияти имрузаи Точикистонро нигаронида шудааст. Аммо, 4 пешниходи мушаххас ва асоснок низ ба хукумат низ иброз доштааст, ки бояд мо ба назар гирем. Инхо:

1. Чори намудани шаффофияти пурра дар сохаи иктисод, аз чумла пахши озоди хисоботи даромадхо ва маълумоти молиявии хамаи ширкатхои давлати (Аз Талко сар карда то кучактарин ширкат, аз фаъолияти дохили ва хам хоричиашон).

2. Сабукдуш кардан ва чорахои хукуки дидан нисбати хар як корманди давлатие, ки дар фасоду ришвагири дастгир шудааст. Тафтишот бурдан оид ба фаъолиятхои гайриконунии гузаронидани маблагхо ба хоричи кишвар.

3. Омода намудани барномаи таъчили барои халли масъалахои шумораи зиёди Точиконе, ки соли 2009 эхтимолан аз мухочирати мехнати бармегарданд ва имкони баргашта рафтан пайдо намекунанд. Хам барномахои дарозмуддати бунёди чойхои кори ва хам барномахои кутохмуддати дастгири бо маводи гизои ва воситахои худтаъминкунии ахоли тартиб додан  зарур аст, то таъсири манфии афзоиши сатхи бекорон кам карда шавад.

4. Зудтар таъгир додани низоми фарсудаи омузиш (сохаи маориф) ва бехдошт (тандурусти), ки он барои наслхои оянда хатари мушкилихои ичтимои овардан эъчод мекунад.

Муттаасифона,  марказхои пажухиши ва идорахои мухимтарини икишвар на худ чунин гузоришхои чиддиро омода карда метавонанд ва на аз тайёраш истифода бурда, ба чуз аз танкид ва эътирози холи намудан. Чанобон, агар ин хел карахти кунем, давлатро бой додан мумкин аст. Давлатдории самаранок ин низоми нисбатан маълуму кашфшуда аст ва зарурат нест, ки шумо “дучархаро аз нав ихтиро намоед”. Аз коршиносони ботачрибаи хоричи истифода кардан даркор, на руй гардонидан.

Бо умеди ояндаи неки миллат. Худо мададгор!

Posted in Точикистон | 2 Comments »

Адлу инсоф ва номи нек

Posted by bkosimi on April 9, 2009

Набуди адолату инсоф, набуди оромиши миллат

Набуди адолату инсоф, набуди оромиши миллат

Подшохе пурсид, ки оё давлат дар хонадони мо то ба кай бимонад? Хакиме гуфт: “То даме,  ки адлу инсоф дар он густурда бошад.”

***

Мамлакат аз адл шавад пойдор,

Кори ту аз адли ту гирад карор.

Хар ки дар ин хона шабе дод кард,

Хонаи фардои худ обод кард.

***

Агар додгар бошиву покдин,

Зи хар кас наёби чуз аз офарин.

В-агар баднихон бошиву бадкуниш,

Зи чархи баланд оядат сарзаниш.

***

Оё рохбарони имрузаи кишвар аз ин гуна насихатхои бузургон бахрае мегирифта бошанд, ки дар халли мушкилоти чомеаи мо нигохи кумакрасоне пешниход менамояд? Агар адлу инсоф ва хурмати миллати худро аз даст дода бошанд, пас худро хам аз даст хоханд дод, чун ин гуна хокимият дер боки нахохад монд.

Чунин хакикатест, ки содда ва касе, ки онро нафахмидаст, монда. Вокеан, мушкилихои мардуми бечора вобаста ба Бозори “Зарнисор” хам аз ин мавзуъ аст.

Posted in Точикистон | Leave a Comment »