Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

4 пешниходи хоричиён ба мо

Posted by bkosimi on April 12, 2009

Точикистон умедвори фикри нав, "хуни нав" аст

Точикистон умедвори фикри нав, "хуни нав" аст

Хисоботи навтарини Гурухи Байналмиллалии Пажухиши Бухронхо (International Crisis Group) бо номи “Точикистон: Ру ба нокоми”, ки мохи феврали 2009 чоп шуда буд, мисли дигар гузоришхои коршиносони хоричи бисёр андешаву мушохидахо ва пешниходхои хубу вокеъбинона дорад. Агар мо баъзеи онхоро ба назар гирифта, дар амал чори намуда тавонем хатман ба нафъи Ватанамон хохад буд, чун эхтимолияти расидан ба  бухрони  шадиди сиёси, ичтимои ва иктисоди дар дохили кишварро камтар менамояд.  Гарчанде, ки низоми давлатдории мо аллакай дар бухрон хаст ва бухрони чахони хам таъсири худро ба болои он зам карда истодааст.

Дар хисоботи худ ин ташкилот умуман 15 пешниходхо чамъ овардааст, ки бештарашон ба диккати созмонхои байналмиллалии кумакрасон ва Иттиходи Аврупо барои таъгири муносибат ва раванди хамкоришон бо рохарияти имрузаи Точикистонро нигаронида шудааст. Аммо, 4 пешниходи мушаххас ва асоснок низ ба хукумат низ иброз доштааст, ки бояд мо ба назар гирем. Инхо:

1. Чори намудани шаффофияти пурра дар сохаи иктисод, аз чумла пахши озоди хисоботи даромадхо ва маълумоти молиявии хамаи ширкатхои давлати (Аз Талко сар карда то кучактарин ширкат, аз фаъолияти дохили ва хам хоричиашон).

2. Сабукдуш кардан ва чорахои хукуки дидан нисбати хар як корманди давлатие, ки дар фасоду ришвагири дастгир шудааст. Тафтишот бурдан оид ба фаъолиятхои гайриконунии гузаронидани маблагхо ба хоричи кишвар.

3. Омода намудани барномаи таъчили барои халли масъалахои шумораи зиёди Точиконе, ки соли 2009 эхтимолан аз мухочирати мехнати бармегарданд ва имкони баргашта рафтан пайдо намекунанд. Хам барномахои дарозмуддати бунёди чойхои кори ва хам барномахои кутохмуддати дастгири бо маводи гизои ва воситахои худтаъминкунии ахоли тартиб додан  зарур аст, то таъсири манфии афзоиши сатхи бекорон кам карда шавад.

4. Зудтар таъгир додани низоми фарсудаи омузиш (сохаи маориф) ва бехдошт (тандурусти), ки он барои наслхои оянда хатари мушкилихои ичтимои овардан эъчод мекунад.

Муттаасифона,  марказхои пажухиши ва идорахои мухимтарини икишвар на худ чунин гузоришхои чиддиро омода карда метавонанд ва на аз тайёраш истифода бурда, ба чуз аз танкид ва эътирози холи намудан. Чанобон, агар ин хел карахти кунем, давлатро бой додан мумкин аст. Давлатдории самаранок ин низоми нисбатан маълуму кашфшуда аст ва зарурат нест, ки шумо “дучархаро аз нав ихтиро намоед”. Аз коршиносони ботачрибаи хоричи истифода кардан даркор, на руй гардонидан.

Бо умеди ояндаи неки миллат. Худо мададгор!

2 Responses to “4 пешниходи хоричиён ба мо”

  1. Afshin said

    Ботурчони азиз!

    Фикр мекунам, вакти пешниходу хушдор ба ин режими худкома тамом шудааст. Хазинаи давлат холи, банкхоро холи кардаанд, хатто банкхои байналмилали ба бучаи давлати фарсуда маблигаи гадои чудо мекунанд, 8 мох аст, ки бухрони моливию иктисоди тамоми чахонро фаро гирифтааст ва 8 мох аст, ки ин режим мисли дахсолаи пеш дуздиву харомкориашро давом медихад. Гурухи байнамиллалии бухроншиноси ошкоро дар чумлаи охири худ мегуяд, ин режим на аз тарики шуришу исён, балки худаш пора-пора мешавад ва фуру мерезад.
    Барои хамин вакти панду насихат кайхо гузаштааст дар таърих ин хукумат чун як режими худкома, фасод, феодаливу хонаводаги боки мемонад ва асрхои аср хама лаънаташ мехонанд ва хоханд хонд.

  2. bkosimi said

    Афшини гироми!

    Шояд гуфтахои шумо хак бошанд, лекин мо хак надорем, ки хомуш нишинем. Бояд то лахзаи охирин аз имконоти маслихату машварати якдигар ва ибрози андешаву пешиниходхои худ истифода намоем. Максад ягона – эхёи миллат ва рушди кишвари азиз ба нафъи хар як фарди Точик.

    Хар кас мувофики амалкарди худ рузе хатман подош мегирад, аз мардум набошад аз худо. Боварии пурра дорам, ки худованд хамаи моро ба максадхои нек хохад расонд.

    Сипоси беандоза барои навиштахо. Саломат бошед.

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>