Андух аз даргузашти рушанфикри миллат, Тохир Абдучаббор
Posted by bkosimi on April 22, 2009

Кош агар рохбарияти кишвар хам мисли Тохир Абдучаббор дар фикри начоту эхёи миллат мебуд
Устод Тохир Абдучаббор, яке аз донишмандон ва рушанфикрони миллат, ки дар хакикат сахми арзандае дар бунёди давлати сохибистиклоли Точикистон гузошта, ба пешбурди манфиатхои мардуми мо хизматхои шоён намудааст, дируз аз олам чашм пушид. Гарчанде бо ин шахси бузург шиносои надоштем, вале бохабар аз фикрхову корхои некашон будем ва бинобарин, имруз хеле андухгин хастем.
Махсусан ба он хотир, ки бо хама натичахои хуби фаъолият ва рохбари намудани ташаббусхои мухимтарин дар таърихи навини миллат, ин шахс ба таври арзанда кадрдони нашуданд ва эхтимоли зиёд аз мо норози рафтанд. Баръакс, бисёр шахсоне хастанд, ки аслан ба ин акидахову амалхои рушанфикронаи у дар аввал зиддият нишон доданд ба хотири тарсуи ва чохилии худ, вале холо аз “меваи дарахти овардаи у рохат мебинанд.” Ачабо.
Касе, ки эъломияи истиклоли Точикистонро тартиб додааст ва яке аз аввалинхо барои эхёи фархангу забону обруи миллат мубориза бурдааст, хатман мансаб ва макоми сазовори баланде дар чомеа бояд дошта бошад. Умедворам, ки оядна ин хатои гузаштаро ислох хохад кард. Адолат хамеша пируз хохад шуд.
Хазорон сипос. Рухатон шод ва чоятон бихишт, устод.
Худо хофиз!


