Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Чаноби Рахмон наметавонад писарашро ба чойи худ нишонад?

Posted by bkosimi on April 28, 2009

Эмомали Рахмон худро раиси Кумитаи Олимпи кард ва писарашро ба Иттифоки Чавонон бимонд. Хаминаш кифоя.

Эмомали Рахмон худро раиси Кумитаи Олимпи кард ва писарашро ба Иттифоки Чавонон бимонд. Хаминаш кифоя, раис.

Ба наздики вазифаи нав дода шудани писари чаноби Рахмон дар чомеа вокунишхои гуногунро ба вучуд овардааст. Хафтаномаи русзабони “рус-максад”-и Осиё Плас онро хамчун кадами аввали писари раисчумхур ба сиёсати калон номидааст, гарчанде ки ин бачаи холо танхо ба 21 сол кадам гузошта, аллакай дар Кумитаи амвол ва сармоягузори “гоибона” кор мекардааст, вакиле аз нохияи Исмоили Сомони будааст, бо кадом як маблаг дастаи футболеро хам сарвари менамудааст ва гайра хоказо паси парда. Оё сабаби ба вазифаи чонишини раиси Иттифоки Чавонон сазовор шудани Рустами Эмомали магар “корнамоихояш” дар ин чойхои дигар буд? Аслан, ин иттиходияи чавонон чаро ташкилоти давлати бошад ва чаро раиси Кумитаи кор бо чавонон, варзиш ва сайёхи онро хам рохбари намояд? Дар ин системаи фартути давлатдории “омехтаи шурави бо дехаги” мантик дида намешавад.

Аз тарафаи дигар, тааччубам кард, ки чаноби Нурали Давлат бо коршиносии худ писари чаноби Рахмонро дар сиёсати калон ояндадор хондааст. Фикр намекунам, ки хонаводаи Рахмон фарзияи гузариши хокимият аз падар ба писарро чидди ба назар гирифта бошад, чун ин хеле кори хатарнок аст ва пеш аз хама ба худи онхо. Нахуст, худи чаноби Рахмон худро хамчун рохбари касби, коршинос, корбаро ва одил нишон дода натавонист ва норозияти миллат аз ноухдабароихои хукумати у дар авч аст. Дуюм, писараш Рустам аз имконоти фаровон истифода набурда, сохиби ягон донишу хунари арзандаи рохбари нашудааст. Эхтимоли зиёд аз он сабаб, ки истеъдод ва тавоноии табииро (ирси) ба ин чиз надорад. Сеюм, хастанд дигар шахсон ва гуруххои кувватнок хам дар дохил ва хам беруни атрофи рохбарияти имруза, ки худ талош доранд рохбариятро ба дасти худ гиранд ва ба хар рох намегузоранд, ки раисчумхур писарашро ба чояш гузорад. Кори аблахонае хохад буд. Сабабхояш бисёр.

Аз дигар су, фикр мекунам ва умедвор хам хастам, ки чаноби Рахмон дарк менамояд, ки рохи бехтарини ояндаи худаш ва хонаводааш ин омодаги гирифтан ба тарки вазифа намудан дар охири давраи конунии раисчумхурии худ, яъне соли 2013. То 4 соли бокимонда, агар у тавонад вазъияти кишварро каме пешрафт дихад ва замонати шарту шароитхои мувофикеро барои зиндагонии баъди истеъфои худ конунан ба даст биёрад, метавонад ба озоди ва рохат хаёти худро дар Ватан бо обруву арзанда давом бидихад. Дар холати акс, кораш парешону вайрон хохад гашт ва дар таърих аз у ёди неке нахохад монд, гарчанде ки як катор натичахои хуберо хам дар давоми хокимияти худ ноил гаштааст.

Хулоса, хакикат дар он аст, ки хар чи аз меъёр бештар давом кард, зарар дорад. Дар хама кор меъёр хуб аст, гуфтаанд бузургон.

Сарбаланду обод бошед, азизон!

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>