Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Сарвароне, ки ба хоричиён мебахшанд, вале аз мардуми худ меситонанд

Posted by bkosimi on May 10, 2009

Ба чойи дастгирии сохибкори ин рондани точирон аз бозор аст?

Ба чойи дастгирии сохибкори ин рондани точирон аз бозор аст?

Чанде пеш хурсанд гашта будем, ки мочарои “Бозори Зарнисор” хал шуда ва хукумати маркази хам ба доди мардуме расидааст, ки аслан барои манфиатхои онро химоят кардан, интихоб гардидааст. Дар ин вазъияти бухрони саросари чахони кори хайру дурусте шуда буд, вале афсус он дер давом накард. Имрзухо аз дидани аксу наворхои гуруснанишии занону кудакони бечорае, ки бе ин бозор зиндагиашон бад гаштаасту дар азобанд, хама хеле афсурдаву хашмгин мегарданд.

Албатта, саволхои бисёре аз хар ду тараф хам бечавоб мондаанд ва мушкили ба зуди халшаванда нест, аммо дар чунин холатхои муташаннич бояд пеш аз хама ба адлу инсоф ва акли солим такя намуда, кор кард. Инсоф рушан ба ман мегуяд, ки агар ин бозор гайриконуни буд ба он худи хукумат гунахкор  будааст, пас агар хукумат хостори аз байн бурдани он бошад (гуё бо сабаби нагунчидан ба накшаи умуми “генплан” вакте ки холо маркази шахр обод нашуда аст) бояд аввал баробар ба арзиши хамин  бозор ё имконияти дигарро ба мардуми чабрбинанда пешниход намояд. Ин мардуми бечора карз карда, чоеро обод намуда, аз он рузгори худро пеш мебурд ва акнун, боз 500 нафар бекору бенаво ба Точикистони бе ин хам кашшокшудаи мо даркор?

Баъдан, махаллаи Зарафшон аз минтакахои серахолитарини пойтахт аст ва ончо хатман ба бозоре ё фурушгохи азиме (супермаркет) ниёз дорад. Ба чои он, ки бозори нав созем оё бехтар нест, ки окилона аз будааш истифода намоем? Холо хама дар дунё харчхоро кам мекунанд то самаранокиро баланд бардоранд, хукумати мо бошад баръакс дар ин масъала. Бешубха, инчо манфиати шахсе ё гурухе аз манфиатхои мардум ва давлат дастболо шудани аст. Ба ин набояд рох дод.

Чаноби Асадуллозодаи Ориёнбонк ба чухудхо кумак кард ва хонаи миллиондоллараро  барои канисаашон такдим намуд, наход барои мардуми худ, зану кудакхои бегунохе, ки дар кадди куча мемонанд, ёрдам карда наметавонад? Чаноби раисчумхур бояд ба ин кор дахолат кунад то нахохад обруяш боз хам коста гардад. Мегуянд, оташхои кучак агар хомуш карда нашаванд  ба оташи бузург табдил меёбанд, ки хонаро месузад.

Кувват дихад ба эътирозгарон. Шумо рост хастед ва рост мебурад. Зимнан, навиштани номае ба раисчумхури рус кори аблахонае буд аз тарафи рохбарияти ин бозор ва бояд ба мардум ва хукумати худ муомила кард. Чанчоли хонаро ба хамсояи кинапарвар нашояд гуфтан.

Умедворем, худованд ба ин сарварон хисси инсоф ва фахри милли бидихад. Дигар чизе барои халли мушкилоти Ватан лозим нест.

Комёб бошем.

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>