Гадоги зебандаи миллати мо нест
Posted by bkosimi on May 22, 2009

Миллатро гадо мекунанд
Рости, хеле шармам меояд, ки хар дафъае ба Точикистон офати табии ё сунъие меояд, хукумат аз номи давлату миллати мо даст ба гадоги дароз мекунад ва аз хамагон кумаку ёри хохиш мекунад, мисли як гадое дар бар дари одамон. Гузориши Радиои Озоди дар ин бобат:
Ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуда, барои рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ кӯмаки башардӯстона дархост намуд. Гуфта шуд, дар натиҷаи боронҳои шадид, сел ва лағжиши хок дар моҳҳои апрел ва май иқтисоди кишвар ва бахшҳои мухталифи кишоварзӣ, нақлиёт, роҳҳои мошингард ва сохтмонҳои маишӣ сахт осеб дидаанд. Дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон омадааст, дар натиҷаи зарбаи табиат дастикам 20 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ба ҳалокат расидаанд.
Фахмидан мумкин, ки баъди чанги шахрванди холат вазнин буд ва бинобарин, барои азнавсозии кишвар ёрии беруна зарур буд. Аммо, 12 соли оромиву гуё “истиклоли” паси сар шудааст, ки холо хам ин хукумат агар нохост бороне ё селе шуд ё сардие сахттар падид омад, зуд номаи зориву илтичо навишта, вазири хоричаву сафиронашро ба кишвархои гуногун ба гадоги мефиристад.
“Гадоги” барои даъват намудан ба сармоягузори дар Ватан меарзад кардан, лекин гадоги барои халли мушкилихои рузмарраи худ намудан ё бо ин бахона пули бедардимиён ба даст овардани мансабдорон, ки сабаби боз пасти пасттар шудани обруи миллати мо мегардад, гайри кобили кабул аст. Ё ин хукумати гадоен аст магар? Гадоёнанд дар сари рохбарии миллати мо. Агар ин маблагхои таи чанд соли охир гадои кардашударо чамъ намоем шояд аз як миллард доллар хам бештар бошад, вале онхо ба кучо ва кадом максад чи фоида оварданд, номаълум. Маълум он аст, ки “гадоён” номи миллати худро паст зада, дар Ватан манзилу кушкхои дабдабанок сохтаанд.
Албатта, гамгинем аз он, ки мардуми бечораи мо холо хам дар асри 21 фарзанду наздикони худро аз барфу борон аз даст доданду медиханд, ки бо шарофати таъмин карда натавонистани системаи огахисози ва кучонидани саривакти ва мухофизати шароити зисти ахоли руй медиханд. Барои чунин холатхо руй надодан, низоми давлатдории замонавитар доштан бояд аст, ки онро бо чалб кардани рохбарони чавони донишманду миллатдуст метавон бисохт. Вале оё ин “хукумати гадоён” аз ухдаи ин кор мебарояд ё не?
Аслан, касе дар ин хукумат худ дар фикри ояндаи мардум аст ё на? Касе фахри милли, нангу номус ва адлу инсофе дорад, ки бигуяд бас аст карз гирифтану гадоги кардан. Биёед “калларо об” карда, кор кунем барои бехбудии хамаи миллат, на барои манфиати шахсии худ. Рохбарияти давлат худ бовар мекунад, ки мо метавонем хозираву ояндаи бехтаре дошта бошем, ё факат гузаштаи бузург дорем гуфта гардем?
Хатто душмани раками 1, узбакистон, ба ин дархости гадоёнаи хукумат масхараомез чавоб дода аст. Чанобон, вакти хал кардани масъалахо кайхо омадааст, мустаккил бошем мушкилихои худро худамон хал бояд кунем. Гадоги зебандаи миллати мо нест. Охарин зарраи обруи миллатро нарезонед.


