Атлас моли мо нест магар?
Posted by bkosimi on May 25, 2009

Атлас - зебогии хонуми Точик
Чанде пеш маколае бо номи “Чакани Точики дар дили Вошингтони Амрико” хонда хурсанд шудем. Вале боиси хеле таассуфам шуд, ки дар бари ин чаканхои зебои мо ягон чизе аз атласи машхури Точик намоиш дода нашуду гуфта хам нагашт. Чи, атлас моли мо нест магар? Самарканду Бухоро дигар дар худуди кишвари мо нестанд гуён аз онхо даст кашем ва гузорем, ки узбакхои турктабор онро хам азони худ эълон кардан гиранд?
На, атлас баробари чакан ва хатто бештар аз он намояндагии фархангу санъати бойи миллати кухану бунёдкори моро мекунад. Хар чое, ки бошем атласу чакан, шашмакому фалак ва дигар дастовардхои миллии худро ба дарачаи баланд таблигу пешбари намоем. Набояд гузорем, ки бо сабабхои худбинии гурухе манфиатхои тамоми миллат каму коста гарданд, порахои онро дигарон сохиб шаванд, ки худ пора-порахои гуногун як чизи тому пурраеро таркибдиханда хастанд.
Бигзор атласу чакани Точик дар дили Вошингтону Амрико ва хамаи дигар мамлакатхо аз миллати мо муждаи нек дихад!



Ozoda said
yes…finnaly have found something about Atlas!!
Libosi Atlasro dust medoram. Onro mepushamu dustonam fikr mekunand moli uzbekiston ast….dar asl, man ham 100% tarafdori onam ki atlas libosi tojik ast. Ammo charo tojikiston korkardi atlas nadorad to on daraja ki ogoham man…harjo ki atlas mebini meguyand az uzbekiston ovarda shudaast.
biguzor tojikiston ham atlasi tojikro barorad ki guem moli tojikiston astu dar tojikiston korkard shudaast…
bkosimi said
Дуруд, Озодаи мухтарам.
Хушхолам, ки шумо “чуяндаи ёбанда” шудед. Атласу Адрасу Чакану ва гайра хама соф либосхои миллати мо хастанд ва аз онхо мо бояд бардавом истехсол ва таргибу таблиг намоем хамчун намунахои фархангу маданияти бойи Точики. Масъулияти асосии нигохдори ва рушди фарханги милли дар дасти хукумати хар кишвар аст, вале хеле афсус, ки мо холо рохбарияти ухдабаро ва Ватандуст дар Точикистон надорем. Умедворам, ояндаи наздик худо моро ба ягон рохбари хуби миллатдусту далеру донишманд насиб гардонад.