Бахти миллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Archive for June, 2009

Ахволи миллат “чи гуна?”, сарвари давлат “намуна”

Posted by bkosimi on June 27, 2009

Сарвар ханда дорад, лек мардум гусса дорад

Сарвар хандаи зебо дорад, лек мардум гами кор дорад

Дар хакикат ба саволи “чи гуна?” будани ахволи миллат, сарвари давлат “намуна” буданаш хеле дуруст меояд. Бубинед, раисчумхури собики ИМА Чорч Буш, ки як рохбари камхиради бепарво буд,  дар охири мухлати хукмронии худ ахволи давлату миллати Амрикоро то кучо ба хатар ва нокоми овард. Натичааш ин, ки холо тамоми дунё гарки бухрони амики иктисоди шуда аст ва акнун бо рохбарии раисчумхури нав Борак Убомо ахвол охиста ру ба бехбуди оварда истодааст. Чаноби Убомо, ки донотару боинсофтар аз раисчумхури кабли аст ва хамчун намунаи умеди нав ба давраи нави шукуфои дида мешавад, ахволи мардум хам хубтар гашта истодааст.

Мисоли дигар раисчумхури Ирон Махмуд Ахмадинажод аст, ки бо худписандиву худсарии худ ахволи мардуми кишварашро то кучо хароб намудааст, ки чавононаш зиёд бекору кайфияти зиндагии чомеа то кучо махдуд ва камранг ва кишвараш аз раванди чахонишави дурмонда шудааст. Яъне, сарвар боз инчо хам намунаи чи гуна будани ахволи миллат шуда метавонад.

Биёем ба Точикистони худамон. Ахволи миллат чи гуна? Бешубха, бо ин хама овозахои сулху ободони, сулхи устувор дар кишвар холо хам вучуд надорад чун чаноби Рахмон махалгароиро давом медихад ва бо гуруххову минтакахои гуногун баробар ва одилона муносибат намекунад. Маротибае дида баромадани аъзоёни асосии хукумати у дар сомонааш (www.president.tj) кифоя аст, ки ин гуфта тасдик шавад. Баъдан, оё ба мардуми бекору бедаромади кофи, ки аксарияти ахолиро ташкил медиханд, ба богу чойхонаи нав, варзишгох ва консерт тамошо рафтан мефорад вакте ки агар дастархони хонаводаашон пур набошад? Бо раксу мусики навохтан ва суханхои таърифии бекора гуфтан, шиками мардум сер мегардад? Шавки хондану ихтиро карда пеш рафтан пайдо мешавад? На, хеч гох.

Чанд бор гуфтем, ки аввал корхонахо сохтан лозим то мардум бо чойи кор дар Ватан таъмин шаванд, на ин ки рафтан ба мардикориву гуломии русу араб онхо мачбур бошанд. Мисол, бо ин маблаге, ки барои Иди Вахдати Милли имсол харч кардааст, агар сарвар дониш медошт 10 корхонаи хурди саноати дар 10 шахри Точикистон бунёд мекард то шумори зиёди мардум чойи кори ва даромади зарури меёфтанд ба чойи он, ки ба шунидани тарзи хондани матни тайёршудаи чаноби Рахмон ва тамошои богу сайргоххои нимкора вакт сарф кунанд. Дигар холо аз фасоди хаматарафа, сатхи пасти чалби сармоягузори, вобастаги аз обу хаво нафакат аз кишвархои хамсоя, ахволи хароби сохаи омузиш (маориф) ва бехдошти (тандурусти) мардум ва гайраву хоказо чизе гуфтан шарт нест. Чи тавре, ки мебинем, инчо хам масали сохтаи мо “ахволи миллат чи гуна, сарвари давлат намуна” рост меояд.

Яъне, сарвари давлате агар хислатхои гадоги ва гуломи дошта бошад ва баъди сер кардани шиками худ ва оилааш чизе бештар, олитар, болотар (масалан, рушди зиндагониву фарханги миллат ва обруву эътибори кишвар дар чахон)   ба назараш ва мафкурааш надошта бошад, ахволи миллат хам хамин тавр ба гадогиву гуломи ва зиндагониву фарханги пасту беобрувиу беэътибори тадричан омада мерасад.

Муттаасифона,  Точикистони азизамон ба ин ахвол аллакай омада расидааст, вале онро мо метавонем бо гуфтугуи кушодаву руйрост ва маслихату амали намудани чорахои мувофик дигар намоем.

Умедвор бошем. Худованд моро ба максадхои некамон бирасонад!

Posted in Точикистон | Leave a Comment »

Шуриши мардумии Ирон дарс барои Точикистон

Posted by bkosimi on June 21, 2009

Мардум ба эътирози осоишта хамеша хак доранд

Мардум ба эътирози осоишта хамеша хак доранд

Шуриши мардумие, ки дар Ирон хафтаи охир ба вукуъ пайваста ва сархати асоситарини расонахои хабарии дунё гардида аст, вокеан пайомадхои нохуш додааст ва барои кишвархои хамсони он гайридемокротик як дарс шуда метавонад. Албатта, рушанфикрони Точик ин руйдодхоро дар кишвари хамзабони худ бодиккат дар хар кучои олам бошанд назорат мекунанд ва тарафдори интихоби асили мардуми он хастанд, вале аз муносибати дурушти хукумат ба эътирозгарони осоишта ва халоки шахрвандони бегунох дар ин раванд хеле дар шигифт хастанд.

Дуруст, ки масъала бисёр хассос ва печида аст ва умедворем, ки хукумати Ирон бо мардуми худ ба чойи зуриву фишор овардан бештар аз баррасии дархост ва маслихат бо эътирозгарон истифода мекунанд, то ин мушкили бо хубиву ороми анчом ёбад. Онхо хам шахрвандонанд ва шумораашон 10 ё 100 нест, балки 100-хо хазор аст. Фахмост, ки таъгироти якбора имконнопазир аст ва ба манфиати миллати Ирон хам нест, аммо ислохоти батадрич ва давомдор ба суи озодихои бештари ичтимои, фарханги, иктисоди ва сиёси, махсусан барои занхо, дар ин чомеа нихоят мухим аст.

Дарси ибрат будани ходисахои Ирон ба дигар кишвархои хамсони гайридемократик дар он аст, ба назарам, ки аксари иштирокчиёни ин шуришхоро чавонони “насли баъди инкилоби Исломи” ташкил мекунанд. Нахуст, ин чавонон аз набарду муковиматхои исломигароён бар зидди низоми шохи тачриба ё ёддошт надоранд ва бинобарин тарси камтар доранд ва пасон, нисбат бо акидахои 30 соли пеш онхо холо ба арзишхову дастовардхои чахони имруза хавасмандтар хастанд ва барои бархурдор будан аз озодихои васеътар ва мубориза барои он бурдан донишу чахонбинии кофи доранд. Яъне омилхое, ки инчо накш мебозанд дар ояндаи наздик то 5 соли дигар метавонанд дар Точикистон ва дигар давлатхои Осиёи Маркази низ пайдо бишаванд.

Хулоса, мо бояд бифахмем, ки хукукхои мардум ба озодихои асосии инсони, аз чумла ба ибрози андеша ва сухан (фишор ба ВАО), пайравии дин (дахолат ба дин), дастраси ба омузиш (махдуднамои дар донишгоххо), моликияти шахси (чаримаи расму оинхо) ва гайра набояд сарфи назар карда шаванд. Вагарна, таъмин накардани пешрафти сатхи зиндагонии мардум бо сабабхои фасод, кормандони гайрикасби, махалчиги ва чори намудани махдудиятхо ба озодихои шахси, метавонад шароитеро фарохам оварад, ки рузе чавонони Точик низ мачбур ба эътирохои осоишта даст бизананд. Албатта, то он чо расидани кор зарур нашавад, иншооллох. Ба хар хол, шубхаи зиёд дорам, ки бо чунин вазирон дар сохахои мухимтарини маориф (А. Рахмонов), рушди иктисоди (Г. Бобозода) ва саноат (Ш. Гул) ягон вакт тавонем, ки шахрвандони босавод, корхонахои пуриктидор ва иктисоди ру ба инкишоф дошта бошем.

Гарчанде ки максади хамаи мо якест ва раисчумхур Рахмон хам зохиран хавасманди пешрафти умумии миллату давлати мост, на балки факат сарвати худ ва хонаводааш аст, ва шояд холо касе ба назар нарасад, ки тавонад вазифаи раисчумхуриро мислу у ба ухда гирифта тавонадд, вале гап акнун дар сари ичроиш меравад. Ба чуз аз минбар суханхои хуш гуфтан бояд донишу истеъдоди чамъ кардани одамони коршинос ва  натичахоро ба кулли мардум расонидан доштан накши калиди мебозад. Афсус, бо халво гуфтан дахон ширин намешавад ва бояд ба хотири фарзандон, насли ояндаи миллати худ имруз захмат бикашем. Моро миллатдусти бояд, на махалгарои.

Худо мададгори хамаи шумо бод!

Posted in Иктисод, Истаравшан, Сиёсат, Точикистон, Фарханг, Чавонони Ориё | 3 Comments »

Таътил ва омузиш дар Нйу Йорк

Posted by bkosimi on June 18, 2009

Майдони Таймс Сквеа, Нйу Йорк - маркази шахри марказии дунё

Майдони Таймс Сквеа, Нйу Йорк - маркази шахри марказии дунё

Давоми 2 хафтаи гузашта маводе нашр карда натавонистам чун дар таътил будам ва он хам бо як омузиши касбие дар  Нйу Йорк рост омада буд, ки ончо будем.

Дар ин муддат руйдодхои гуногун дар Точикистон ва хорич аз он рух доданд ва хамчунин фикру андешахои чолиби нав зам шуданд, ки хатман боз дар ин торнигор аз имруз пахш хохам кард.

Тансихату обод бошед, дустон!

Ботур Косими

Posted in Точикистон | 1 Comment »

Фаркияти синфхо дар чомеаи имрузи мо

Posted by bkosimi on June 4, 2009

Элитае бошад, ки ба мардуми худ кумак кунад

Элитае бошад, ки ба мардуми худ кумак кунад

Боре фикр кардаед, ки бо ин хама кашшокии чомеа аз кучо баъзе шахсон чунин пулхо меёбанд, ки мошинхои нави гаронбахо ва хонахои дакаданг харанд? Наход аз бобову бибиашон хамин кадар мерос монда бошад? Ё аз хавлиашон кузаи тилло ёфта бошанд? Ё дар Точикистон чунин коре бошад, ки танхо мисли онхо коршиносоне ичро карда тавонанд ва он чунин маблагхои хангуфт дихад?

На, каме андеша намудан хам рушан месозад, ки он кариб хамааш пули “харом” аст. Чунки онро ё аз интиколу фуруши маводи нашъадор ё аз горати пули давлату миллат ба даст овардаанд. Оё ин дуруст аст, адолат аст, кори хак аст? Вакте ки 30% ахоли берун аз Ватан мисли саг зери дасти ачнабиён гуломона кор мекунад ва 60% дигар умуман дар сатхи камбизоати бо як азоб умр ба сар мебаранд, як гурухи  хурд хеле сарватмандона бо айшу ишрату намоишу гурур пеши дигарон чи тавр бо хавас зиндаги карда метавонад? Ачоибот, мардуми атрофат агар нодору бенаво бошад,  чи тавр мешавад, ки ту худро хушбахту дорои комил худро хис бикуни? Фаркияти синфхо дар чомеаи имрузаи мо хеле бузургу чашмрас аст, ки ин окибати хуш надорад.

Албатта, пул кор кардан бо истифодаи донишу хунар ва чаккониву бахти худ хеле хуб аст, вале аз он хам бехтар аст агар аз дороии чамъкардаи худ хатман ба чомеа ва мардуми худ нафъе бирасони. Масалан, кумак кардан ба кудакони бепарасторе, ки мислашро дар навори Радиои Озоди дируз дидем (http://www.ozodi.org/content/article/1744276.html). Магар савоб нест, ки  ба чои харидану сохтани хонахои киматбахо хатто агар бо пули харом бошад хам, як корхонаи хурди истехсолие кушои, ки чанд нафар сохиби кор ва оянда шаванд ва ё дехконро дар замин маблаггузори намои то аккалан картошкаву пиёзу гушту шир дар кишвари худамон истехсол шавад, на аз Покистону Чин ворид гардад.

Элита бояд накши мухим дар чомеа дошта бошад. Барои мардуми худ дарси ибрат бошад. Ин бехтарин таблиг дар хама кор аст. Намуна будан, на манъ кардани расму оинхо ва худро чудо кардану баланд гирифтан. Муттаасифона, дар Точикистони мо чунин элитае вучуд надорад.

Posted in Иктисод, Истаравшан, Сиёсат, Точикистон, Фарханг, Чавонони Ориё | 1 Comment »