Шуриши мардумии Ирон дарс барои Точикистон
Posted by bkosimi on June 21, 2009

Мардум ба эътирози осоишта хамеша хак доранд
Шуриши мардумие, ки дар Ирон хафтаи охир ба вукуъ пайваста ва сархати асоситарини расонахои хабарии дунё гардида аст, вокеан пайомадхои нохуш додааст ва барои кишвархои хамсони он гайридемокротик як дарс шуда метавонад. Албатта, рушанфикрони Точик ин руйдодхоро дар кишвари хамзабони худ бодиккат дар хар кучои олам бошанд назорат мекунанд ва тарафдори интихоби асили мардуми он хастанд, вале аз муносибати дурушти хукумат ба эътирозгарони осоишта ва халоки шахрвандони бегунох дар ин раванд хеле дар шигифт хастанд.
Дуруст, ки масъала бисёр хассос ва печида аст ва умедворем, ки хукумати Ирон бо мардуми худ ба чойи зуриву фишор овардан бештар аз баррасии дархост ва маслихат бо эътирозгарон истифода мекунанд, то ин мушкили бо хубиву ороми анчом ёбад. Онхо хам шахрвандонанд ва шумораашон 10 ё 100 нест, балки 100-хо хазор аст. Фахмост, ки таъгироти якбора имконнопазир аст ва ба манфиати миллати Ирон хам нест, аммо ислохоти батадрич ва давомдор ба суи озодихои бештари ичтимои, фарханги, иктисоди ва сиёси, махсусан барои занхо, дар ин чомеа нихоят мухим аст.
Дарси ибрат будани ходисахои Ирон ба дигар кишвархои хамсони гайридемократик дар он аст, ба назарам, ки аксари иштирокчиёни ин шуришхоро чавонони “насли баъди инкилоби Исломи” ташкил мекунанд. Нахуст, ин чавонон аз набарду муковиматхои исломигароён бар зидди низоми шохи тачриба ё ёддошт надоранд ва бинобарин тарси камтар доранд ва пасон, нисбат бо акидахои 30 соли пеш онхо холо ба арзишхову дастовардхои чахони имруза хавасмандтар хастанд ва барои бархурдор будан аз озодихои васеътар ва мубориза барои он бурдан донишу чахонбинии кофи доранд. Яъне омилхое, ки инчо накш мебозанд дар ояндаи наздик то 5 соли дигар метавонанд дар Точикистон ва дигар давлатхои Осиёи Маркази низ пайдо бишаванд.
Хулоса, мо бояд бифахмем, ки хукукхои мардум ба озодихои асосии инсони, аз чумла ба ибрози андеша ва сухан (фишор ба ВАО), пайравии дин (дахолат ба дин), дастраси ба омузиш (махдуднамои дар донишгоххо), моликияти шахси (чаримаи расму оинхо) ва гайра набояд сарфи назар карда шаванд. Вагарна, таъмин накардани пешрафти сатхи зиндагонии мардум бо сабабхои фасод, кормандони гайрикасби, махалчиги ва чори намудани махдудиятхо ба озодихои шахси, метавонад шароитеро фарохам оварад, ки рузе чавонони Точик низ мачбур ба эътирохои осоишта даст бизананд. Албатта, то он чо расидани кор зарур нашавад, иншооллох. Ба хар хол, шубхаи зиёд дорам, ки бо чунин вазирон дар сохахои мухимтарини маориф (А. Рахмонов), рушди иктисоди (Г. Бобозода) ва саноат (Ш. Гул) ягон вакт тавонем, ки шахрвандони босавод, корхонахои пуриктидор ва иктисоди ру ба инкишоф дошта бошем.
Гарчанде ки максади хамаи мо якест ва раисчумхур Рахмон хам зохиран хавасманди пешрафти умумии миллату давлати мост, на балки факат сарвати худ ва хонаводааш аст, ва шояд холо касе ба назар нарасад, ки тавонад вазифаи раисчумхуриро мислу у ба ухда гирифта тавонадд, вале гап акнун дар сари ичроиш меравад. Ба чуз аз минбар суханхои хуш гуфтан бояд донишу истеъдоди чамъ кардани одамони коршинос ва натичахоро ба кулли мардум расонидан доштан накши калиди мебозад. Афсус, бо халво гуфтан дахон ширин намешавад ва бояд ба хотири фарзандон, насли ояндаи миллати худ имруз захмат бикашем. Моро миллатдусти бояд, на махалгарои.
Худо мададгори хамаи шумо бод!



Afshin said
Ботури азиз!
Насли чавони Эрон, ки баъди Инкилоби исломи ба дунё омаданд, намехоханд бо конунхои карни санги зиндаги кунанд. Онхо озоди мехоханд. Мехоханд мисли дигар чавонони дунёи пешкадам зиндагии хушу хуррам дошта бошанд. 30 сол зарурат шуд, ки Эрон ба по хезад. Ин насли кухнаи эрониён, хоса дар хорич аз кишварашон, чизе карда натавонистанд на барои худ ва на барои ояндагонашон. Ба хам зидданд, хамдигарро мехоянд…
Чавонони шучоъи Эрон вокеан кахрамонанд. Духтараки 27 солаи бегунохи эрони Недо Огосултон аз тири снайпери чумхурии исломи кушта шуд.
Чор руз аст, ки ману хонаводаам ба хотираи софу бегубори Недои азиз мотам гирифтем. Хар руз хун мегирям….
Хамзамон президенти Точикистон хануз аз пушида шудани раъйи сандукхо 2 соат нагузашта Ахмадинажодро бо “пирузиаш” табрик намуд (???).
Ин чавонони точик, ки дар замони чанги дохили ба дунё омаданд, пухта нестанд. Чавонхои точик намедонанд, ки каблан чавонони солхои 80-уми асри гузашта чи тавр фаъолу баэнержи буданд. Миллату забонамонро хифз мекардем…
Агар барои эрониён 30 сол барои ба по хестан зарур шуда бошад, барои точики мо 50 сол лозим аст, ки ба чунин мартаба расад.
Бубинед, худатон, барои як консарти Ораш чавонони точик нисфи шахрро ба по хезонидан, лекин барои ватанашон барои озодиашон барои ояндаи дурахшони ватанашон, ки дида истодаанд ру ба нести мерасад, даст ба даст намезананд.
Ватанро дуст доштан дигару барои ватан мубориза бурдан дигар…
Ба ки дарсу ба гуши ки “Куръон” хондан, мегуяд точики кадим.
Afshin said
Ботури азиз!
Насли чавони Эрон, ки баъди Инкилоби исломи ба дунё омаданд, намехоханд бо конунхои карни санги зиндаги кунанд. Онхо озоди мехоханд. Мехоханд мисли дигар чавонони дунёи пешкадам зиндагии хушу хуррам дошта бошанд. 30 сол зарурат шуд, ки Эрон ба по хезад. Ин насли кухнаи эрониён, хоса дар хорич аз кишварашон, на барои худ ва на барои ояндагонашон чизе карда натавонистанд. Ба хам зидданд, хамдигарро дар кучахои Лос-Анджелос мехоянду мехоянд…
Чавонони шучоъи Эрон вокеан кахрамонанд. Духтараки 27 солаи бегунохи эрони Недо Огосултон аз тири снайпери чумхурии исломи кушта шуд.
Чор руз аст, ки ману хонаводаам ба хотираи софу бегубори Недои азиз мотам гирифтем. Хар руз хун мегирием….
Хамзамон президенти Точикистон хануз аз пушида шудани сандукхои раъй 2 соат нагузашта Ахмадинажодро бо “пирузиаш” табрик намуд (???).
Ин чавонони точик, ки дар замони чанги дохили ба дунё омаданд, пухта нестанд. Чавонхои точик намедонанд, ки каблан чавонони солхои 80-уми асри гузашта чи тавр фаъолу баэнержи буданд. Манофеъи милливу забони модариамон – форсиро хифз мекардем…
Агар барои эрониён 30 сол барои ба по хестан зарур шуда бошад, барои эрониёни кадим – точики мо 50 сол лозим аст, ки ба чунин мартаба расад.
Бубинед, худатон, барои як консарти Ораш чавонони точик нисфи шахрро ба по хезонидан, лекин барои ватанашон барои озодиашон барои ояндаи дурахшони ватанашон, ки дида истодаанд ру ба нести мерасад, даст ба даст намезананд.
Ватанро дуст доштан дигару барои ватан мубориза бурдан дигар…
Ба ки дарсу ба гуши ки “Куръон” хондан….
bkosimi said
Дар зер андешае аз бародари гироми, Афшин, нусха кардам чун аз нишонии худашон равона кардани нома мушкили доштанд.
————————
Ботури азиз!
Насли чавони Эрон, ки баъди Инкилоби исломи ба дунё омаданд, намехоханд бо конунхои карни санги зиндаги кунанд. Онхо озоди мехоханд. Мехоханд мисли дигар чавонони дунёи пешкадам зиндагии хушу хуррам дошта бошанд. 30 сол зарурат шуд, ки Эрон ба по хезад. Ин насли кухнаи эрониён, хоса дар хорич аз кишварашон, на барои худ ва на барои ояндагонашон чизе карда натавонистанд. Ба хам зидданд, дар кучахои Лос-Анджелос хамдигарро мехоянду мехоянд…
Чавонони шучоъи Эрон вокеан кахрамонанд. Духтараки 27 солаи бегунохи эрони Недо Огосултон аз тири снайпери чумхурии исломи кушта шуд. Тасвири Недои маъсум дар холати чон бохтанро тамоми дунё шохид шуд.
Чор руз аст, ки ману хонаводаам ба хотираи софу бегубори Недои азиз мотам гирифтем. Хар руз хун мегирием….
Хамзамон президенти Точикистон хануз аз пушида шудани сандукхои раъй 2 соат нагузашта Ахмадинажодро бо “пирузиаш” табрик намуд (???).
Чавонони точик, ки дар замони чанги дохили ба дунё омаданд, пухта нестанд. Чавонхои точик намедонанд, ки каблан чавонони солхои 80-уми асри гузашта чи тавр фаъолу баэнержи буданд. Манофеъи милливу забони модариамон – форсиро хифз мекардем…
Агар барои эрониён 30 сол барои ба по хестан зарур шуда бошад, барои эрониёни кадим – точикони мо 50 сол лозим аст, ки ба чунин мартаба расанд.
Бубинед, худатон, барои як консарти Ораш чавонони точик нисфи шахрро ба по хезонидан, лекин барои ватанашон барои озодиашон барои ояндаи дурахшони ватанашон, ки дида истодаанд ру ба нести мерасад, даст ба даст намезананд.
Ватанро дуст доштан дигару барои ватан мубориза бурдан дигар…
Ба ки дарсу ба гуши ки “Куръон” хондан, бародар….