Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Дигар обруи Точик намонд? Дастаи футболи Точикистон боз 7 зина поён ба 155-ум чой

Posted by bkosimi on August 22, 2009

Шояд бо варзиш ягон обруе гирем...

Шояд бо варзиш ягон обруе гирем...

Ба фикрам обруи Точик дар ин дунё дигар намонд. Бар замми хамаи он шармандагихое, ки дар ин 20 сол ба сари миллати бечораи мо оварданд, аз мардикор шудани аксари мардум, бетарбият мондани насли наврас, саргардон гардидани занхо то кариб нест кардани иктисоди кишвар, нашачаллобон ном баровардану бесаводу бефарханг гаштани чомеа ва дуздиву гадогихои беруёнаи ин “хукумат”, аккалан дар варзиш хам пешрави карда нашуд.

Чанде пеш дастаи футболи Точикистон боз 7 зина поён фаромадааст ва акнун дар руйхати ФИФА акнун 155-ум чойро ишгол мекунад (Сомонаи Радиои Озоди).

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 14-ум ҷой гирифтааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеъашро дар радифи 6-ум нигаҳ доштааст. Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA:
3. Латвия (56)
4. Литва (59)
5. Беларус (74)
6. Узбакистон (79)
7. Молдова (87)
8. Гурҷистон (103)
9. Эстония (112)
10. Арманистон (123)
11. Қазоқистон (130)
12. Озарбойҷон (137)
13. Туркманистон (145)
14. Тоҷикистон (155)
15. Қирғизистон (160).

Яъне, аз ин дигар кариб чое поёнтар ва беобрутор намондааст. Вой бар холи мо, азизон! Ин чи рузест, ки на аз чихати иктисоди фахрида тавонем, на аз дастоварди сиёси-демократи, на аз комёбии илмиву фарханги ва на аз пешрафти санъату сайёхиву чавониву варзиш. Ба гайр аз таърихи бой дигар чизе намонд-ку. Кани, сардорони масъулиятдори сохаи варзиш кистанд? Раиси Федератсияи Футбол ё Раиси Кумитаи Олимпии Точикистон аз чой хезед!

Э, “чаноби одди” Рахмон шумоед? Шумо чи кор карда гаштед? Касбу кор дамгири дар хоричаву ва маишат дар хона бошад, гами ояндаи миллатро ки мехурад? Доштани 3-4 мансаб мабодо вазнини карда бошад? Гуш кунед, бехтараш хамин кори раисчумхуриро монед як тараф ва аввал сохаи варзишро таракки дихед. Ба мардуми мо саломативу обруву эътибор ва зиндагии арзанда даркор, на кайфияту гаштугузори шумо. Шарм доред. Ин кадар пул аз бучаву фонду гранту дигар “суроххо” чамъ мешаванд, аккалан рушди як сохаи варзиш ва футболи миллиро таъмин карда натавонистед. Бечора яке чемпиони чахон мачбур таксисти мекунад ва дигаре бо пулу захмати худ дар озмунхо бо азоб иштирок кардан меравад. Варзишгаронро кадрдони ки мекунад? Ба чойи кадом як дастаи номаълуми “Истиклол”, ки хаводорони асли надорад, тими миллии футбол Точикистонро ки пеш мебарад? Варзишгоххои замонави бо машкгоху хавзхои шиновари бояд дар хама шахру шахракхои кишвар сохтан зарур аст то аккалан ин мардуми бечора аз пайи саломатии худ шуда тавонад ва шояд бо хамин футбол ё варзиши дигар як обруе гирем охир… О, дар хотир доред, вакте дастаи футболи наврасони мо Амрикоихоро шикаст дода буд соли 2007 чи кадар хама мардум бо фахру гурур бо хамдигар хурсанди карда буданд. Варзиш хам як нишондихандаи ахволу обруи хар як миллат аст, раис-бобо. Мефахмед?

Ба шумо як соли дигар мухлат. Агар пешравии чиддие оварда натавонед, бояд худатон аз хама мансабхоятон даст кашед. Илтимос, инсоф доред, худ ва мардуми бечораи моро гаму азоб надихед. Аз барои худо, натавонед, равед ба истеъфо ва пас чи кадар дамгириву маишат кунед, хеч кас гапе нахохад зад. Ин ваъдаи ман ба шумо.

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>