Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Точикистони бесохиб

Posted by bkosimi on August 24, 2009

Кишвари бесохиби Точикистон. Кай ояд сарвари асилат?

Кишвари бесохиби Точикистон. Кай ояд сарвари асилат?

Боз як хабари мудхише омад. Аслан, хеле вакт шуд, ки аз Ватан факат хабархои нохушу дилгиркунанда мерасанд. Одат кардем дигар. Вахшат дар он аст, ки боз як чавони Точик барои гузаштани марзи узбак-кистон дар минтакаи Панчакент беогохи ва берахмона аз тарафи як марзбони ин кишвари палид кушта шудааст (Сомонаи Радиои Озоди).

22.08.2009

Ҷасади сокини 36-солаи ноҳияи Панҷакент, Хайрулло Суюсов, ки пас аз тақрибан як моҳи ҷароҳат аз тири марзбонони узбак ахиран ҳалок шуд, аз Самарқанд ба Панҷакент интиқол шуд. Феълан, ҷасад дар дасти мутахассисон барои ташхиси тиббӣ мебошад.

Суюсов Хайрулло, сокини 36-солаи деҳи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент рӯзи 22-юми июл талош кардааст, берун аз гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд марзро ғайриқонунӣ гузарад, вале марзбонони Ӯзбакистон ба сӯи вай тир холӣ кардаанд. Хайрулло бо захми тир ба бемористоне дар Самарқанд интиқол дода шудааст.

Хешовандони Хайрулло гуфтаанд, Хайрулло ба он сӯйи марз ба хотири хариди трактор равона будааст.

Ӯзбакистон ба ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст, бо вуҷуди ин ки дар ин бора миёни ҳар ду ҷониб тавофуқоти зарурӣ вуҷуд дорад.

Се рӯзи пеш Хайрулло аз захми тир ҷон додааст ва имрӯз дар бораи ин ҳодиса ҷониби Ӯзбакистон ба хешовандони марҳум хабар додааст, то ҷасади ӯро бигиранд.


Бубинед, чавоне бо максади неки харидани тракторе он су мерафтааст то бо он як порча замини зодгохашро обод карда, ризке ба даст оварад, нобуд карда шудаст. Ана, сарнавишти яке аз чавонони Точик. Лек, аз ин хам вахшаттару хайвонигари дар он аст, ки чониби Точикистон ягон вокуниш, эътироз ё химояти хукуку манфиатхо вобаста ба ин казияи шархванди худ нишон надодааст! Яъне, мувофики хабархо, касе аз ягон вазорати хорича ё дохила, мачлиси оли ё дастгохи раисчумхур, хукумати махалли ё созмоне ба ин ходисаи мудхиши милли эътиборе надодааст.

Хайрон… Фахмидан намешавад. Акли солим ё заррае аз хиссиёти механдусти дар ягон каси масъулиятдор дар Точикистон мондааст ё на? Точикистон худ сохиб, сардор дорад ё на?

Ба назарам, охиста-охиста дар дохили марзи худамон хам агар мову шумо, яъне мардуми одди, шахрвандони оддиро душманони хоричи ба куштан дароянд хам касе аз ин хукумат барои дифои мо садое хам баланд нахохад кард. Шояд барои он ки онхо худро хукумати мардуми намешуморанд, балки хукумати нафсу шиками худ. Дуруст, агар Точикистон сардору сарвар медошт то ин дарача Точикон дар дохилу хоричи кишвар бесохибу беобру намегаштанд. Аз “ваша раша”-шу сартарошидахои ру-сияхо то поймоли хукуки Точикон дар Самарканду Бухорову худуди имруза Афгонистон.

Мардум, холо ба химояти худ омода бошед. Афсус, хонаи мо сардору сохиб надорад имрузхо, вале иншооллох, рузе солору сардори хакики миллиеро интихоб намоем, ки хар як шархванди моро баробар химоят ва хидоят хохад кард.

2 Responses to “Точикистони бесохиб”

  1. Manuchehr said

    ин чавони “бегунох”-и точик (аслан узбек буд) ва машгули корхое буд, ки аз харидуфуруши трактор ва г. фарсаххо дур аст. Чизе ки макомоти расмии узбекистон навиштааст – рост аст ва у дар хакикат хангоми гайриконуни гузаштани марз захмдор гардид.
    ба муаллиф гуфтаниям, ки ба эхсосот дода нашуда маълумотро амиктар санчад ва пас аз он ба навиштани номахои пургазаб шуруъ кунад.

  2. bkosimi said

    Durud, Manuchehr!

    Sipos baroi ibrozi nazar.

    Muhim on, ki shahrvandi Tojikiston bud yo na. uzbakhoe, ki sodiqi kishvari mo hastand, misli barodaron boyad hisob kunem.

    Ba’dan, in ma’lumot az rasonahoi khabarii bovarinok girifta shudaand va ba rosti, man ba ittillooti onho beshtar bovar doram nisbat ba yak shakhsi noma’lumi alohida. Agar shumo chunin juz’iyothoro doned, khub meshud sarivaqt ba khabarnigoroni bechora merasonided to mardum haqiqatro donista boshand.

    Ajib ast, ki ba maqomoti rasmii uzbak kase to hol bovar mekardaast. Ofarin, halolaton bod! ;-)

    Man nafaqat khud az kushta shudani hamvatani begunoh dar har gushai dunyo noorom va purehsos megardam, balki ba shumo niz tavsiya mediham, ki agar Tojik va mardi millat hasti, boyad dilat bisuzat ba barodaroni khud va bar ziddi chunin noadolatiho sado baland bikuni. Mahz hamin khomushivu notavoni ghazabi shudan ast, ki holo ahvoli mardumi mo ba chunin daraja rasidaast. Ba ghazab oyem, ey mardhoi Tojik! ;-) (

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>