Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Нигохе ба истиклолият

Posted by bkosimi on September 8, 2009

Навиштае дар зери ин акс: "Истиклолият ин чидду чахд ва талоши хар як фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагии мардум аст".

Навиштае дар зери ин акс: "Истиклолият ин чидду чахд ва талоши хар як фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагии мардум аст".

Хониши барномаи МВА дар донишгохам боз огоз шуд ва барои навшитахои нав дар торнигорам вакти камтар доштам. Вале, хатман навиштани андешаву дарёфтахои пажухишхои худро инчо давом хохам дод.

Холо нигохи худро доир ба мавзуи мухими руз, яъне Чашни Истиклолият дар Точикистон, мехохам иброз намоям. Махфуми истиклолият васеъ аст ва онро метавон аз мустакилият дар корхои сиёсату иктисод сар карда то озодии маънавию баён ва харакат мушохида кард. Албатта, ягон кас ё кишваре сохиби истиклолияти мутлаку пурра нест, вале як дарачаи макбули мустакилияте хаст, ки мо бояд хамеша сохиби он бошем. Истиклоли мо бошад, ки мардум дар Ватан кор ёфта тавонанд, корхонахо маводи гизои, пушоки ва асбобхои рузгор истехсол намоянд, наврасону чавонон бо хонишу тарбият фарогир шуда бошанд, на он ки барои хамкори намудан бо кишвархои дигар, масалан Амрико, аз хукумати гайр, масалан русия, ичозат гирифтан, пурра аз воридоти хоричи вобаста будан, ба рафтори хамсояи бадсиришт, масалан Узбакистон, дар вайронкунии марзхо ва ёдгорихои миллии мо дар Самарканду Бухоро чизе эътироз карда натавонистан ва гайраву хоказо.

Фардо мардуми мо 18-умин солгарди истиклоли кишварро чашн мегиранд. Вале, аксарият фикр намекунанд, ки ин истиклол яъне аз чи ва ё аз ки аст. Магар аз Шурави аст, ки он худ бо раванди табии пароканда шуда ва мо барои аз он мустакил шудан мубориза набурда будем?  Ё аз Аморати Бухоро истиклолиятро кайд карданием, ки давлати сохтаи худамон буд, гарчанде рохбарият бештари вакт дар дасти мугулзодагони точикшуда буд. Мо Точикон хамчун як кисми мардуми Иронинажод дар таърихи худ сохиби бисёр кишвархо будем, аз империяи Хахоманишихо то кишвархои пахновари Сосониёну Сомониёну Саффориёну то Хоразмшоху Хони Кухканд ва Аморати Бухоро. Дар ин муддат зиёд ба гасбу чангу муборизахои озодихохона даст дошта будем, вале хеч гох миллати мо худро гулом намехисобид ва гулом нагашта буд, ки чунин як чашне бо номи “истиклол” ихтироъ намояд.

Аз як су, чашни истиклолият гирифтан ин аслан паст задани обруву шарафи миллат аст, чун он мазмуни тобеъ ё гулом будан ва аз он рахои ёфтанро дорад. Ёд кардани маглубияти худ ва боиси он хурсанди кардан чизи хубе барои миллати мо нест ва он фарк мекунад аз гиромидошт ва ёдоварии бартари ва пирузихои худ, мисли чашни 1100-солагии давлати Сомониён ё 800-солагии Мавлоно Балхи-Руми.

Аз суи дигар, маълум нест, ки чаро мо чашни истиклолият мегирем вакте ки Точикистони худро натавонистаем ки ба дарачаи кофи мустакил ва мустахкам намоем ва аз таъсири бадхохон, аз чумла русияву узбакистон,  эмин нигох дорем.

Нихоят, истиклол ин аз руи когаз ид кардани санаи дар он гузошта шуда нест. Истиклоли хакики пеш аз хама аз мустакилияти аклонии хар як фарди ин ё он миллат ба даст меояд. Яъне, агар хар шархванд имкони гирифтани донишу одоби хуб ва тавоноии зехни дошта бошад ва аз худшиносии миллии зарури бархурдор гардад, он замон чомеаи мо ба истиклолияти дарачаи макбул чи дар сиёсату иктисод ва чи дар муносибатхои худ бо дигарон ноил хохад гашт.

Хулоса, ин хукумати худкома набояд мардумро бо “истиклолият ба даст овардем” гуфтан фиребу фанд дода гардад, балки ба сари худ боре чубе бизанад, то ба андеша биафтад, ки оё худ чузъе аз миллати Точик аст, мардуми пурифтихору созанда, ё аз кабилаи бегонаест, ки хислати фасодкориву гадоги ва гуломи кардан дошта аст.  Бояд хушёр ва  хамроху гамхори мардуми худ бошад ва кордонхову чавонони механдустро атрофи худ зудтар чамъ бикунанд, то аз ин бухрони шадиди иктисодиву фархангии 20 соли охир начот ёбем.

Орзуманди рузгори нек ба хамаи мардуми шарафманди Точик!

Худо нигахбони мо.

Ботур Косими

One Response to “Нигохе ба истиклолият”

  1. Дурандеш said

    Дуруди Худованд бар Шумо бародари азиз Ботури Истарвшани!!! Ташаккур аз тахлилхоятон. Хакиктан хам магзи гап дар хамин аст ки мо аз чи ё аз ки сохибихтиёр шудем… Хулосаи Шумо хам сахт кобили дастгири аст ва ман сад дар сад тарафдорам. Кош сафи чунин родмардон мисли Шумо зиёд бошад. Худованд Шуморо дар панохаш нигах дорад. Дуогуи Шумо хастам.

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>