Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Сафари чаноби Рахмон ба Амрико

Posted by bkosimi on September 26, 2009

Амрико метавонад барои хамкории чидди ба чунин рохбаре бовар кунад?

Амрико метавонад барои хамкории чидди ба чунин рохбаре бовар кунад?

Сарварони аксари кишвархои дунё ин хафта дар Ниу Йорк чамъ омаданд то тагъирёбии иклим ва дигар мавзухои мухимро бахс намоянд. Аз чумла, раисчумхури бознишастаи Точикистони бечораи мо, Эмомали Рахмон, низ барои ширкат дар ин хамоиш ба Амрико омад. Вале, маълум шуд, ки пеш аз он мувофики “одобаш” дар Москав фаромадааст, то барои суханхои омодакардаи худ “ичоза бигирад”. Истиклолияте, ки у дар борааш мегуяд шояд дар хамин бошад. Баьдан ба кишвари Хорват сафар кардааст, вале рушан нест, ки ончо чи манфиатеро барои Ватан чустучу кардааст, ба чуз аз вактгузарони ва тамошои кишвари кучаке дар маркази Аврупо. Он кас фикр мекунанд, ки ин хама харчхо аз киссаи худашон аст, на аз хисоби андозхои гарону хазинаи на он кадар бузурги давлати камбизоати мо.

Ба хар хол, дар яке аз мизгирдхои Созмони Миллал иштирок намуда, бо забони Точики суханрони кардан ва сохтмони неругоххоро мухим арзёби кардани  Рахмонро баъзе расонахо кайд карданд. Хуб, ин 2 чихати мусбии сафараш буд, вале бовар дорам, ки он хам чун харвакта давоми суханронихояш аз когаз ва муносибати руяки ба ахволи миллати худаш аст. Бехтар мешуд агар дар ин мизгирд боре ба у наворхое, ки Радио Озоди оид ба зиндагии мухочирони мехнати ва азоби онхо дар катори Душанбе-Москав омода кардаанд, намоиш медоданд. Баьд мумкин рахмаш меомад ва ба сараш мезад, ки дар давоми салтанати 18-солаи худ мардуми обруманди худро то чи андоза аз Ватан дур карда, ба тудаи бесаводу гуломмичоз табдил додааст. Кош, аз хамончо ба гунохаш икрор шуда, истеъфои худро эълон мекард. Пас, дархол Амрико бо рохбари нав ва чавони коршинос, далер ва миллатдуст  робитаро баркарор намуда, сармоягузорихои бузургро бахри пешбурди иктисод ва демокросии Точикистон чудо мекард.

Умедворам, ки устод Акбар Турсон дар вохурии худ баъзе чунин нуктахои дарднокро аз номи Точикони Амрико ба чаноби Рахмони ëдрас карда бошанд.

2 Responses to “Сафари чаноби Рахмон ба Амрико”

  1. Afshin said

    Хеле хуб.
    Ташаккур!

    • Jonona said

      Fikr nakunam Rahmoni aziz ba in nazdiki dilash ba mardumi Tojik suzad! Psarashro bin, ba chi korho mashgul? Rustamjon boshand hozir ba roli presidenti tayyori dida istodaand. lekin boz ki medonad dar ahlu oilai Rahmon chi gapu kor. Hama meguyand, ki Rustam kheshi khudro qatl kard. Agar in gap durust boshad, shoyad in oila az pushti pulu boygari, hamdigarro az bayn barand! Hamon khele khub meshud!
      Ba mo Tojikon in rohbari porakhur zarur nest!
      Bas ast digar! Daf shavad Rahmon va oilaash az saltana va az Tojikiston!

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>