Посухи расми фиристодани Раисчумхури Амрико Борак Обама ба пурсишхои рузноманависи (блоггер) Кубоги яке аз навидхои мухими олами интернетии ин хафта буд. Рости, ба хайрат афтодам, гарчанде дарк мекунам, ки рушду эътибори рузноманависи хам то дарачаи воситахои ахбори оммаи (ВАО) маъмули дар ояндаи наздик хохад расид.
Йоани Санчес, 34-сола, ки донандаи забонхо ва илми компутери аст, баъди дилшикаста шудан аз маошхои ночизи давлати ва сатхи пасти зиндагии мардуми кишвараш, чанд соле пеш сомонаи интернетие бо номи Generation Y бунёд мекунад то норозигии худро оид ба сиёсати кафобарандаи рохбари коммунистхо, Кастро, иброз намояд. Ба зуди сомонаи у бо навиштахои руиросту хакикатчуёнааш обруи пахноваре пайдо мекунад ва Йоани тахти фишор ва таъкиби хукуматдорон меафтад. У мачбур мешавад, ки чанд муддат Куборо тарк намояд, вале сониан ба зиддиятхои дустонаш ва хатархо ба чонаш нигох накарда, ба ватанаш бармегардад. Холо аз сомона ва рузномаи интернетии у худуди 1 миллион нафар хар мох аз тамоми дунё дидан мекунанд ва ба наздики мачаллаи бонуфузи Тайм рузномаи Йоаниро ба руйхати 25 бехтарин рузномахои интернети ворид намудааст.
Йоани дар рузномаи худ 7 савол ба рохбари кишвари худаш ва 7 саволи дигар ба раисчумхури Амрико пешниход кардааст, ки ба он аввалин то хол чизе ба чуз аз зуриву дагали нишон надода, дуввуми аллакай ба саволхои худ посух додааст. Саволу чавобхо дар халли мушкилихои ИМА-Кубо бисёр нишонрасу ахмиятноканд, вале фурсат нест, ки хамаи онхоро хозир инчо тарчума намоям. Танхо як саволу як чавобро интихоб кардам, ки дар зер аст:
Саволи 3: Оё Хукумати Амрико истифодаи неруи артишро барои халли казия бо Кубо аз назар сокит кардааст?
Посух: ИМА хостори истифодаи неруи артиши худ дар Кубо нест. Амрико пуштибони хурмати бештар гузоштан ба хукукхои инсон ва озодихои сиёсиву иктисоди дар Кубо аст ва умедворем, ки хукумати ин кишвар хохишхои мардуми худро, ки аз манфиатхои демокроси ва озоди дар муайяннамоии ояндаи Кубо бахраманд будан мехоханд, ба назар мегирад. Танхо мардуми Кубо метавонанд дигаргунихои мусбиро ба кишварашон биёранд ва умеди мо ин аст, ки дар ояндаи наздик онхо аз ин имконият ба пурраги истифода карда тавонанд.
Тадкикотхо нишон медиханд, ки вазъияти Кубои коммунисти аз Точикистон зиёд фарк намекунад ва харду аз лихози сиёси худкомаву шахсиятпараст (авторитари-диктатори) буда, иктисодашон фалачу фасодзадаи ру ба таназзул ва мардумаш мухочири кори ё дар торикистони Ватани худ махдуд.
Иншооллох, хушбин хастем аз он, ки шумораи рузноманависони мустакили Точик дар шабакаи чахонии интернет руз аз руз афзуда, мухтавояшон низ бехтар гашта истодааст. Дур нест он рузе, ки ба саволу пешниходхои мо хам раисчумхури худи ё бегонае посуххои зарури бидихад, то чидду чахдхои мо ба некуахволии миллату Точикистони азизамон бирасонад.








Ширкати 