Бахти Mиллат

Аз хоби гарон хез, Точик!

Ташкили инкилоби сулхомез (ранга)

Posted by bkosimi on November 6, 2009

00178387

Инкилоби сулхомез (ранга) дар Точикистон мисли Укроин хохад шуд ё дигар?

Матнхои чолиб аз китоби Саул Алинский «Коидахо барои радикалхо» (Saul Alinsky “Rules for Radicals”)

Ин як руйхати хусусиятхои идеалии ташкилотчи аст. Он чизхое хастанд, ки мо барои муайян намудани иктидори ташкилотчигии шахс, барои арзёбии имкониятхои ояндаи ташкилотчиёни нав ва хамчун нуктахои асоси дар тартиб додани барномаи омузиши барои ташкилотчиён, ба назар мегирем.

Кунчкоби – Дилнабастани – Хаёлот – Хиссиёти шух – Дидгохи дунёи бехтар – Шахсияти бонизом – Канорчуии сиёси – Худбини – Андешаи озод – Нисбияти сиёси

Кунчкоби. Он чист, ки ташкилотчиро ба ташкил кардани мардум водор месозад? Уро неруи идоранашавандаи кунчкоби пеш мебарад, ки хадду худуд намедонад. Гапхои маъмулии «кунчкоби гурбаро ба магр расонд» ба у мазмун надоранд, чун зиндаги барои у чустучу бахри дарёфти колаб, монандихо дар фаркиятхои бараъло, фаркиятхо дар монандихои назаррас, низом дар бенизомии (хаос) мо, мазмуни зиндаги дар атроф мо ва муносибати он ба зиндагии худи у аст ва ин чустучу беохир мебошад. Ташкилотчи барандаи сирояткунандаи кунчкоби мегардад ва он пурсиши «чаро» саршавии шуриши мардуми мегардад. Шубха кардани акидаву равандхои кабулшудаи руз ин давраи кушиш ба ислохот аст ва он барои инкилоб ахмияти бузург дорад.

Дилнабастани. Кунчкоби ва дилнабастани ба хамдигар наздиканд ва аслан, кунчкоби бе дилнабастани вучуд дошта наметавонад. Кунчкоби мепурсад: «Ин хакикат аст? Танхо ба хотири он, ки хамеша чунин будааст оё он рохи бехтарин ё дурустарини зиндаги намудан аст, бехтарин ё дурустарин дин, арзиши сиёси, иктисоди ё адаби аст? Вай догмаро намепазирад, бар зидди хама гуна саркубихои чустучуи озод ба дунболи гояхои дигар новобаста аз сарчашмаи онхо шуриш мекунад. Мисли тамоми зиндаги ин руйдоди худмухолиф (парадокс) аст чун дилнабастании у аз дилбастагиаш ба сирри зиндаги ва чустучуи бепоён бахри дарёфти мазмуни он реша мегирад.

Давом дорад…

2 Responses to “Ташкили инкилоби сулхомез (ранга)”

  1. Чик (точик)-хо хеч гох инкилоб намекунанд ва фикри онро ба сархояшон рох намедиханд. Ва хам сари касеро, ки фикри онро мекунад, зада мекафонанд. Точикон умуман фикр намекунанд.

    • bkosimi said

      Khushbakhtona, geti yakson nabuda ast va dar peshonai har millate yak naslash az digare farq mekunad. Yake agar ba rohi chap burda boshad, digare ehtimol ast mardumro ba rost khohad burd.

      Ammo, on chize ki qaid karded durust ast vobasta ba holi imruzai Tojikon. Mardum holo umuman fikr namekunand va ham ba sarashon in guna fikrro roh namedihand.

      Ahvol chunin ast, ki hama ba umedi on hastand, ki kase az in tuda barkhezad va digaronro niz az pasash bibarad, az changoli kundu karakhton raho namoyad va ba suyi bakhti millat rohnamoi kunad.

      Inshoolloh, in ruzho ham merasand. Umedvor boshem.

Leave a Reply

XHTML: You can use these tags: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <pre> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>