Торнигори Neweurasia.net ба хамкори даъват менамояд
Posted by bkosimi on November 13, 2009

Рузноманависии интернети (блог) - навтарин воситаи ахбори омма (ВАО)
Чанд вакте аст, ки бо торнигори Neweurasia.net хамкори мекунем ва кам-кам бо дарёфти фурсат ончо навиштахои худро чоп менамоем. Neweurasia.net ин лоихаи созмони Чехии Transition Online буда, барои рушди хабаррасонии шахрванди, мустакил ва замонави, аз чумла дастгирии рузноманависони интернети (блогнависон) дар кишвархои собик коммунисти ва шурави хидмат менамояд.
Максад аз иштирок дар ин лоиха намояндаги намудан аз Точикистон, таблиги андешахои худ ва инкишоф додани хунари навиштанамон аст, ки бар замми ин андаке фоидаи моли хам мерасонад. Аз сабаби он, ки холо бахши Точикии ин сомона каме сустар шудааст, бо рохбари лоиха маслихат кардем, ки чавонон ва рушанфикрони Точикро барои хамкории бештар даъват намоем.
Бинобарин, агар хохишманди навиштан дар мавзуву масъалахои гуногун ва мухими алокаманди кишварамон бошед, лутфан андешаву хулосахои худро барои чоп фиристед ва лоиха бар ивази хар маколаи дорои 600 калима бо 6 дона акси асли (орижинал) $25 доллар маблаг ба шумо пардохт хохад кард.
Барои маълумоти бештар, метавонед ба мо бинависед: bkosimi@gmail.com ё schwartz@neweurasia.net.
Умедвори хамкори бо шумо ба хотири рушди хабаррасони, огахии чомеа ва раванди демокросисози дар Ватан.
Тансихату пируз бошед!


