Мардумро хару хор кардан бас аст
Posted by bkosimi on November 18, 2009

Дар назди Кохи Сафед шахрвандон озодона бар зидди ноадолатихои чомеаи Амрико баромад мекунанд. Точикистон хам ба ин дарача рузе хохад расид?
Мехохам гох-гохе дар мавзухои шавковар, мухим ва мусбии чомеа нависам, вале пас аз сайри хабару гузоришу тахлилхо дар интернети Точики (Точнет) хамеша аз руирост зухур кардан ва зиёд шудани ноадолативу номардиву нобаробари дар Ватан ба хашм меоям ва аз бори гароне, ки ба сари миллати мо омадааст, дилтанг мегардам.
Албатта, ба хамаи ин нохушихову норохатихои рузгор чашм пушида, факат бо кору маишати худ банд шудан мумкин аст. Вале, афсус ин барои шахсони миллатдуст ва худшиноси асил хеле мушкил ба назар мерасад. Бубинед худи хамин як хафтаи гузашта бо чихо ин чомеа рубару шуда аст.
Якум, неругохи Сангтуда-1, ки аз тарафи русия идора мешавад, бо омадани зимистон тахдид кардааст, ки баркро хомуш мекунад. Шармандагии руи олам. Бо шарофати Каримови золими тангчашм аз барки Туркманистон бебахра мемонем ва дар ин фасли сол худ аз норасоии барк хамаи чомеа азият кашиданаш бас набуд, ки холо неругохи дар хоки Точикистони худамон буда хам “ба болои сухта намакоб” карданист. Эмомалии Рахмон соле пеш дар васфи ин хамкори бо хочаёни русаш чи кадар оби дахонаш мерехт. Магар ширкати “Барки Точик” ва хукумат ин масъаларо бо яке аз неругоххои алокаманди фаъолияташ байни худ хал карда наметавонист? Точикистонро акнун ба гуфти андешасарои Точвар “торикистон” номгузори кардан хам мумкин. Дар мавзуи Рогун тамоман як масхарабозии дигар. Корхонахову созмонхо ва сохибкоронро мачбур мекунанд, ки ба сохтмони ин неругох пул гузаронанд, дар холе ки то хол як катрае барои шаффоф ва боваринок намудани тарзи корбарии худ захмате накашидаанд. Агар бовари ва хурмати якдигар бошад, хатто камбагали Точик худаш нисфи бурдаи нонашро хам барои ин кор чудо мекард. Хайхот.
Дуюм, Хизби Сосиал Демократи Точикистон бо рохбараш Рахматилло Зоиров баъзе шарту шароитхои шаффофу демокроситар гузаронидани интихоботи вакилони Мачлис пешниход мекунад, вале аз хамаи нуктахои ин пешниход танхо “дертар баргузор кардани интихобот” диккати аксари расонахои хабари ва тарафдорони хокимро чалб мекардааст, ба чуз аз торнигори хафтаномаи Пайкон. Яке аз шартхои хуби ин пешниходи Зоиров вобаста ба даст кашидани “раисбобо” аз макоми рахбарии Хизби (гайри) Халки (гайри) Демокросии ва истифода накардани ин хизб аз “обруи кариб намондаи” у касеро ба вокуниш нишон додан водор накардааст. Кадом интихобот бо ин низоми оилави-кишлокии Рахмон демокроси ва озод мегузарад? Кудаки, хандаовар. Аввал, ин низомро мачбуран иваз кардан зарур хохад шуд.
Сеюм, маълум аст, ки ин режим авфи умумро ба як асбоби шухратталоши (популисти) табдил додаст, вале дар асл онро барои рахо кардани нашачаллобон ва чинояткорони “худи”-аш истифода мекунад. Хуб, ин каллакадухо барои мардуми одди дигар чи пешкаш карда метавонад, ё ба гуломи ба русияи фашист ё даст ба тичорати нашъа задан, ки онро низ худи атрофони раис Рахмон идора мекунанд. Кадом чавон дар ин чомеа бо аклу дониш ва истеъдоди худ сохиби кори арзанда гашта ва даромади кофие барои харидани хонаву сохтани хонаводаи обод пайдо карда метавонад? 20 сол мешавад, ки на ин гуна шароит хаст ва на умеде ба ояндаи бехтар. Чомеа куллан бемор аст ва ин бемори аз сари бемагзи онхое, ки чомеаро рохбари мекунанд, шуруъ шудааст. Мегуянд, “об аз боло лой меояд” дуруст аст ва бинобарин аввал болоро тоза кардан шояд.
Чорум, эълон мекунад, ки минтакаи озоди иктисоди месозем, вале на тархи аник хасту на маблаг барои бунёд ва пешбарии он. Боз меравад ва дод мезанад ба дунё барои гадоги. Гадоги дигар касби хама шуда. Аз гадои калони Дангара ин дард гузашта ба дигар минтакахои бехтар хам. Хайфи шумо барин Точикон. Ба хотири пул, мансаб ва манфиати оилаатон дар пеши чахониён фохишаги мекунанд. Байни Точикистон ва колхози Рохи Ленини Кулоб фарк бояд донист. Нангу номуси миллат ва насли ояндаро фикр кунед, “чанобон”!


