Мо бо дабираи порси ё сириллик бошем?
Posted by bkosimi on November 24, 2009
Баъзе навиштахо дар торнигорамон хастанд, ки танхо бо забони инглиси нашр гаштаанд ва бо назардошти шавки зиёди хонандагон ба мавзуи дабираи порси (алифбои форси) имруз яке аз чунин навиштахои алокамандро ба Точики баргардонидам ва матнашро дар зер гузоштам.
Дустони гироми! Хеч кас бояд шакке надошта бошад, ки дер ё зуд мо Точикон ба дабираи (алифбо) ниёгони худамон бояд баргардем то хамчун як миллат боки бимонем ва рушд намоем.
Баргаштан ба дабираи ниёгон ин натанхо омили пайвастан бо гузаштаи бузурги миллатамон хохад буд, балки ахмияти бештаре барои боздоштани вайроншавии фархангии чомеаи имруза ва бунёди ояндаи бехтар барои насли чавони мо хохад дошт. Танхо дар хамгирои ва якчоя бо мардуми хамзабони худ ва дорандаи фархангу таърихи умуми, мо метавонем миллати худро пуркувват гардонем ва инкишоф бидихем.
Аслан, махз бо хамин дабира чахониён шеъру адабиёт ва илму таърихи бойи моро бо бузургмардони миллат Рудакиву Фирдавси, Синову Хайём, Румиву Форобив ва Хофизу Саъди мешиносанд. Баъди мачбуран таъгир додани алифбоямон аввал ба лотини ва баъд ба сириллик, забони моро шуравихо “аз як бахр ба дарёчае табдил доданд”, ки он бе сарчашмаи худ хушк ва нобуд хохад гашт. Исботи инро имрузхо мо бо ахволи забони Точики тавассути алифбои сириллик дида истодаем. Танхо мукоисаи накши дабираи порси бо сириллик бо акли солим ба мо рушан мекунад, ки 130 миллион нафар гуянда ва зиёда аз 1300 сол таърих бо дабираи порси бартари дорад ё 7 миллиён ахоли бо таърихи 70 сол бо дабираи сириллик. Ин далелест, ки чойи бахс надорад.
Вале, аз тарафи дигар, хангоме ки ин хукумати фасодзадаву ноухдабаро хатто шароити оддии зиндагонии шарафмандона ба мардуми худ ташкил карда наметавонад, иваз намудани алифбо бо дасти онхо хатари чиддие ба сари миллати мо хохад овард. Аник аст, ки ба ичрои дурусти ин кори мухим магзи майнаву мехвари механдустии мансабдорони хозираи кишвар хеле нокофи ва назарногир аст.
Бинобарин, ин вазифаи насли мо хохад буд, ки ин баргашти зарури ба аслу насли худ ва дигар таъгиротхои мухимро дар давоми дахсолаи навбати барои пешрафти чомеаи Точик амали намоем. Фахмост, ки ивази дабира кори якшаба нест ва ин ташаббус бо дигар лоихахои ислохоти аз чониби дастаи коршиносони мудирияти замонави (топ-менечерхо) дар хукумати оянда ба таври муназзам, масъулиятнок ва самаранок пиёда карда хохад шуд, ки бо хости худованд, ба чахиши назаррасе дар эхё ва рушди миллати мо хохад расонид.




НАХУДАК said
Бе хати форсӣ мо ба ҷое намерасем. Бубинед, дар ҷаҳони интернет имрӯз хати мо ба касе даркор нест. Хонандаи навиштаҳои мо дар интернет теъдоди ками тоҷиконе мебошанд, ки ба интернет дастрасӣ доранд. Русҳо аз хатамонро донанд, забонамро намедонанд, ирониҳову дариҳо забонамонро донанд, хати моро намедонанд.
Бе гуфутгӯ бояд имрӯз ҳукумати кишвар барои гузариш ба хати форсӣ тасмим бигирад. Он нафароне, ки муқобил ҳастанд, ба ин тасмим бегумон душмани насли ояндаи ин миллатанд.
bkosimi said
Бори дигар кайд кардан фаромуш кардам, ки бо дарки зарурияти баргашт ба алифбои ниёгон, дар як вакт мо мефахмем, ки рохбарияти имрузаи чумхури аз ичрои дурусти ин вазифа намебарояд ва мисли хама максадхое, ки то хол эълом кардаву амали намудани шудааст, ин кори мухимро нопухтаву нотамом хохад кард ва ин хатто боиси хатари чиддие ба ояндаи миллат шуда метавонад.
Бояд, ки хукумат Рахмон ва Мачлиси Олии “беиродахо” куллан дигар карда шавад ва нихоят ин “бори гарон” аз сари мардуми пурифтихор, вале азияткашидаи мо баргирифта шавад. Миллат Точик арзандаи сарварии бехтар аст, на худкомаву хоин.
bkosimi said
Сад дар сад дуруст, Нахудаки гироми!
Баргаштан ба хатти худамон ва инкишоф додани забондонии мардум масъалаи мухимтарин аст. Хулоса, то миллат сухандон набошад, барои дифо намудан аз хакки худ шуриш ва баромад нахохад кард. Хамин кохиши забондонии миллати мост, ки имруз намегузорад то чомеа бомасъулият мутаххид гашта, хукуматро пеши конун ба чавобгари кашидан чунбиш нишон дихад.
Зимнан, аз арзи вучуд кардани торнигори шумо, http://www.nakhudak.wordpress.com, ва тарзи баёни хазломези гуфторатон бисёр хушхол гаштем. Ба ин икдоми нек ба шумо аз самими дил комёбихо хохонем. Умедворам, ки бо дигар рузноманависони интернетии Точик хамкорихои муфид дошта бошем. Фикрхои хуб хастанд, каме фурсат лозим.
Худо нигахбон!
Бахтиёр said
20 сол боз…
Равнади гузаштан аз сирилик ба харфи форси бояд хама чониба омухта шавад. Ин ду карат ду нест. Аввал хамачониба тархрези мебояд. Тайёр шудан зарур аст ба хама чиз. Душманон метавонанд, чунон игвое андозанд, ки хатто тасаввур карда хам наметавонед. Ба мисли Шумо фидоиён заруранд.
Фидои на он шахсест, ки мераваду худро метарконад…
bkosimi said
Саломат боши, Бахтиёр. Фидоиёне мисли мову шумо метавонем бахти миллатро боз бедор намоем. Миллати Точик бебахт мондааст ва ин бадбахтихо ба сараш холо аз хамин омил насиб шудаанд.